Ба «Рўзи дарҳои кушод»-и Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳои вилояти Суғд зиёда аз 1200 нафар хатмкунандагон, мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва омўзгорон ташриф оварда, бо шароити таҳсил, рафти машғулиятҳо, лабораторияҳои таълимӣ, марказҳои забономўзӣ, байналмилалӣ, соҳибкорӣ, синфхонаи таълимии махсусгардонидашудаи бонкӣ, WEB-студияи сабти машғулиятҳои онлайнӣ, китобхона, синфхонаҳои компютерӣ ва имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар тавассути барномаҳои байналмилалии амалкунанда аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз, як қатор ҳамкорон имконияту фаъолияти кории хешро тарғиб намуда, фаъолияти Донишкадаро дар омода кардани мутахассисони варзида хеле муфид арзёбӣ карданд.
Дар толори бинои асосии Донишкада бо хатмкунандагон-довталабон мулоқоти судманд баргузор гардид. Мулоқотро и.в. директори Донишкада Машокиров Ш. У. ифтитоҳ намуда, перомуни дастоварду комёбиҳои муассиса, имкониятҳо ва шароити таҳсил маълумот дод.
Дар фарҷоми мулоқот озмунҳои ташкилнамудаи Донишкада: озмунҳои эссеи беҳтарин дар мавзуи «Интихоби ДИС ДДТТ аз нигоҳи довталаб» ва «Довталаби беҳтарини ДИС ДДТТ-2024» ҷамъбаст гардида, ба ғолибон мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои арзишманди раёсати муассиса, аз қабили ноутбуку планшет ва дигар васоити техникӣ тақдим карда шуд.
Беҳтарин довталабон, ки сазовори холҳои баландтарин ҳангоми супоридани имтиҳонҳои худсанҷӣ гардиданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи шарикон қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон, ғолибони озмунҳо, барандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд суханронӣ намуда, изҳори сипоси хешро ба раёсати Донишкада баён доштанд.