Нисбати баромади навбатии Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ- ПМ дар барномаи ифротии Паймони миллӣ, дар мавзўи “Оғози бозии бузурги нав дар Афғонистон.Тоҷикистон чӣ бояд кунад!”, ки он санаи 23 августи соли равон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардида буд, ибрози андеша менамоем. Нисбати баромадҳои навбатӣ ва қаблии Кабирӣ хулосабарорӣ карда қайд мекунем, ки ҳанўз ҳам бо ҳар роҳу восита худро евромулло нишон дода дар назди пуштибонон ва сарпарастонашон ба қавле «сафед» кунанд. Мақсаду мароми ӯ дигар аст: соҳиби давлат шудану давлатдорӣ намудан асту бас.
Мо фаромӯш накардаем, ки ҷанги шаҳрвандӣ натиҷаи фаъолияти экстриместию террористӣ ва зиддиконститусионии собиқ аъзоёни ҲНИ ва равиҳои ифротӣ буд, ки дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта тамоми аркони сиёсӣ ва бахшҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро фалаҷ кард. Мамлакат дар вартаи ҳалокат қарор гирифт. Дар он рўзгори бесару сомон даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандон ва ҳазорон нафари дигар аз ҳамсарони хеш маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кўдак ятим монд. Зиёда аз 1 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон тарки маҳали доимии зист карданд. Гуреза шуданду зиллату хориҳо диданд. Ҳазорон ҳазор ҳамватанони ғарибафтодаи мо дар мулкҳои бегона бо ёди Ватан ҷон доданд. Дар Афғонистони ҳамсоя қабристонҳое пайдо шуд, ки онҳоро то ҳанӯз «гуристони фирориёни тоҷик» меноманд.
Баробари ин қайд менамоем, ки ҳар ашхос набояд нисбати ягон давлат оид ба масоили дохилии кишвар дахолату сухан кунад. Умуман баррасии ин гуна масъалаҳо танҳо аз ҷониби намояндаи қонунии кишвар гуфтугузору пешниҳодҳо ба роҳ монда мешавад. Мусаллам аст, ки Тоҷикистон ҳамеша тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.
Вале, евромуллои сафсатафурўш Кабирӣ бошад ин масъаларо бо афроди номаълуму шубҳанок суоли ҷавоб доир намуда, худро ҳомию пуштибон ва ғамхори халқ вонамуд мекунанд. Умуман аз рафтору кирдори наҳзатиҳо кас пай мебарад,ки онҳо имрўз низ ҳирсу худхоҳӣ ва табиату тинати ба хиёнат одат кардаашон оромашон нагузоштасту боз ҳам мисли солҳои навадуми асри гузашта бо роҳнамоии хоҷагони худ ба ҳайси евромулло имрузҳо иҷрои супориши онҳо кўшиш доранд. Аммо евромуллоёни наҳзатӣ имрўз дур аз кишвар бехабаранд, ки аҳолии мушкилнописанди Тоҷикистон шукронаи ин кишвари ободу шукуфо мекунанд. Зеро саодати ин халқи ҷафокашида буд, ки Яздони пок дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлату миллати мо Пешвои муаззам ато фармуд, ки халқро ба сўйи иттиҳоду ҳамбастагӣ, иқболу хуррамиҳо ва асолату худшиносӣ раҳнамоӣ кард.
Имрўз сад шукр, ки мо ҳаёти осоишта дорем. Бо ҷонбозиҳои шабонарӯзӣ ва амалҳои хирадмандонаи Сарвари давлатамон Тоҷикистон ба як мулки обод, тинҷу ором, иқтисодиёташ пешрафта мубаддал гаштааст.
Д. ШАРИПОВ,
ассистенти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ