Изҳороти ҳайати омўзгорон ва кормандони ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ роҷеъ ба садо баландкунии Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (23.08.2021)

Мо, ҳайати омўзгорон ва кормандони ҷомеаи меҳнатии донишкада нисбати баромадҳои, роҳбари собиқ ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ, ки алҳол номи ҳизбашро ба Паймони миллӣ… (ПМ) номгузорӣ намуда, пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротиро пеша кардааст, ибрози андеша менамоем.

 Баромади навбатии Кабирӣ боз дар барномаи ифротии Паймони миллӣ, таҳти унвони “Оғози бозии бузурги нав дар Афғонистон.Тоҷикистон чӣ бояд кунад!” тариқи шабакаи иҷтимоӣ, санаи 23 августи соли ҷорӣ пахш гардид, ки ў худро боз “сиёсатмадор” вонамуд карда, дар атрофи масоили вазъи сиёсии кишвари ҳамсояи мо Афғонистон сухан ронд. Бояд қайд кард, ки ҳар афрод набояд нисбати ягон давлат оид ба масоили дохилии кишвар дахолату сухан кунад. Хотиррасон бояд кард, ки барраси ин масъала танҳо бо роҳи дипломатӣ аз ҷониби намояндаи қонунии кишвар пешниҳоду гуфтугузориҳо мавриди роҳандозӣ қарор дода мешавад. Чунончӣ, санаи 25 августи соли равон Сарвари кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ бо Вазири Покистон Қурайшӣ пешниҳодҳои хело ҷолиб ва муҳимро баён доштанд. Аз ҷумла, барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Баробари ин қайд карда шудааст, ки сохтори давлатӣ дар Афғонистон бо роҳи раъйпурсӣ ва боназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад. Инчунин таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар кишвари Афғонистон бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард. Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афгонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад. Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад. Хулоса, ин аст андешаи солим нисбати масоили мавқеи сиёсии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ!

Вале, Кабирӣ бошад ин масъаларобо афроди номаълуму шубҳанок, ки аз ному насабаш маълум аст, тибқи нақшаи пешакӣ суолу ҷавоб доир намуд. Хонандаи закӣ пас аз номбар кардани ному насаби он ашхос бешубҳа дуруст пай мебаранд, ки онҳо ҷавонони гумроҳшуда ҳастанд, амиқтараш пайравони ТТЭ ҲНИ-ПМ мебошанд.. Яке номи Рамазону дигаре Оятуллоҷону Fарибӣ ва афроде бо номи Илҳомҷон ва ғайрахо ном гузошта дар сатҳи байналмилалӣ баромад намуда истодаанд. Таъкидан гуфтанием, ки зимни баромадҳо оид ба масъалаи обрую эътибори миллати тоҷик ва умуман кишвар бояд эътибор дод! Баробари ин бояд таъкид кард, ки ҳар шахс пеш аз баромад кардан аз минбарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарзи либоспўш ва ришу фаши худ эътибор диҳад. Симои тоҷикро дар шабакаи иҷтимоӣ зишт нишон додан худорӣ намояд!

Инчунин Кабирӣ дар рафти суханрониаш фаъолияти созмони “Ихвон ул муслимин”-ро ҷонибдорӣ намуд, ки ин созмон воқеан дар феҳристи созмонҳои террористии Русия ва кишварҳои дигари Аврупо дар соли 2006 дар феҳристи Тоҷикистон низ исми он зикр шудааст.

 Хулоса, боназардошти масъалаи матраҳгардида дар фарҷоми изҳороти хеш, мо устодону кормандони донишкада таъкидан иброз менамоем, ки Кабирӣ ва пайравонашон минбаъд дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисаву найранги навбатиаш нисбати кишвари соҳибистиқлоламон ва масоили вазъи сиёсии кишварҳо садо баланд накунад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *