ТТЭ ҲНИ – БУНЁДГАРИ АФРОДИ ХИЁНАТКОР

Мусаллам аст, ки ҳоло тамоми мамоликиҷаҳонро бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ фаро гирифтааст. Илова ба ин вазъи ҷаҳони имрӯза бо таъсири пандемияи бемории сироятии короновирус“COVID-19” боз ҳам душвортар ва мураккабтар гардидааст. Имрӯз, ҳатто давлатҳои мутараққии ҷаҳон, аз қабили Россия, Амрико ва Аврупо дар ҳолати муташанниҷ қарор гирифтаанд. Мо чунин вазъияти ташвишовари ин давлатҳои мутараққиро ҳар рӯз мебинему мешунавем. Ин мушкилот низ ба сарзамини мо асар намуда, таъсири худро расонида истодааст. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, кишвари мо, таҳти роҳбарии оқилоанава сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумат зина ба зина тараққӣ карда, пеш меравад ва мушкилоти ҷойдоштаро марҳила ба марҳила паси сар мекунад. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон садҳо корхонаҳои нави муосир ва муссисаҳои маориф, тандурустиву фарҳангии замонавӣ амал менамоянд. Дар минтақаҳои гуногуни кишвар иншоотҳои бузург, роҳҳои навбунёд ва коргоҳҳои саноатии замонавӣ сохта шуда, ба истифода дода мешаванд. Вале ин дастоварду муваффақиятҳои кишварро нохалафони миллату давлат сарфи назар карда, нисбати роҳбарият олии кишвар ва ҳаёти имрўзаи мардумро танқиду мазаммат менамоянд.Чунончӣ, имрўзҳо аъзоёни ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ), бахусус роҳбараш Муҳидин Кабирӣ хиёнаткор тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ..” доир ба масоили рушди кишвар баромад намуда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ намуда истодааст. Таҳлилҳо собит менамояд, ки мақсади баёнияи аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз он иборат аст, ки хиёнаткору хиёнатпешагонро гунаҳкор наҳисобида, танҳо аз давлату миллати тоҷик интиқод кунанд. Бояд қайд кард, ки наҳзатиҳо асосан баъди ошкор гардидани ҷиноятҳои содирнамудаашон ва ба панҷаи қонун гирифтор гардидан бо интишори баёнияҳо худро бегуноҳ меҳисобанд. Ҳол он ки амалҳои номатлубе, ки собиқ аъзоёни ҲНИ, алалхусус Кабирӣ содир намудааст аз ҷониби хешу наздикон ва ҳамкоронашон бо далелҳои раднашаванда ошкоро маҳкум кардаанд. Бояд ёдовар шуд,ки хиёнатҳои душманони миллат дар филмҳои мустанад бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам ва “Хиёнат” амиқтар бо шарҳу эзоҳи амиқ исбот шудааст. Бинобар ин имрўз мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии хоинони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхоси дурўяи хиёнаткор муборизаи беамон мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад .

Х. УМУРОВ.,
асистенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *