Дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе дар бораи либоси миллӣ ва ҳиҷоб ба нашр расида, андешаи чанд нафар оварда шудааст, ки ба танқиди ҳукумат пардохта, таъкид намудаанд, ки мубориза бо ҳиҷоб ва дигар арзишҳои динӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифта истодааст. Аммо, дар асл, ин хабарҳо бепояанд ва тибқи қонунгузориҳои кишвар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва роҳ надодан ба падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир вазифаи ҳар як шаҳрванди баору номус аст. Дар бораи ҳиҷоб маводи зиёде ба нашр расидааст ва аксари коршиносон бар ин назаранд, ки либоси миллии мо ба талаботи шариат ва суннату оинҳои исломӣ мувофиқанд ва ҳоҷат ба бар кардани ҳиҷобу сияҳпуш кардани бонувон нест. Агар ба минтақаи куҳистони кишвар сафар кунем, хуб мебинем, ки чи тавр занҳои тоҷик бо либоси миллӣ зебову нозанин ба назар мерасанд ва дар баробари ин хилофи шариат низ либос ба бар намекунанд.
Либос инчунин барои муаррифии дину ойин дар ҷомеаҳои имрўза маълум шудааст, ки метавонад заминаи зиддиятҳову фарқиятгузориро ба вуҷуд оварад. Ин фарқгузориҳо омили таҳқиру тавҳини байни шаҳрвандон гардида, ҷалби ҷавононро ба гурўҳҳои ифротӣ метезонад. Одатан, гурўҳҳои ифротӣ ва ҷосусии тахрибкор дар ҷаҳони муосир интихоб ва масъули корбурди худро аввалан аз байни занон бо ин роҳ ҷудо карда, баъдан барои ҳадафҳои худ истифода мекунанд.
Мутаассифона, бештари мардуми мо одатан дар пайравӣ ба мўди мардуми бегона тайи чанд соли охир таблиғи либоси мардуми бегонаро доранд. Чунон ки муҳаққиқон муайян намудаанд, либос ҳам метавонад ифодагари шахсияти инсон бошад. Аксарияти мардум тавассути либос мехоҳанд бартарияти худро аз дигарон нишон диҳанд ва бештари вақт ба шакли он аҳамият медиҳанд.
Мақоли «одаму либос- хонаву палос»-ро бештари мардум дуруст нафаҳмида фикр мекунанд, ки либос бояд воситае барои пешниҳоди чизе ба каси дигар аст (масалан, барои намоиш додани тарҳи берунии инсон) Чи гуна либосро ба бар кардани мо бояд хислати фардии моро нишон диҳад.
Яке аз масъалаҳои аслие, ки имрўз мардуми тоҷик ва махсусан занони мо ба он кам аҳамият медиҳанд, ин интихоби нодурусти либос аз рўи ранг мебошад. Интихоби нодурусти либос вобаста ба ранги он метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад. Ин ҷо овардани чанд тавсия барои интихоби либос, аз рўи ранг аз аҳамият орӣ нахоҳад буд:
- Аз интихоби ранги сиёҳ ва камранг (чи дар либос ва чи дар муҳити зист) парҳез бояд кард:
- Ранги лоҷувард ва сабз хусусияти табобатӣ доранд ва аз ин лиҳоз барои саломатии инсон манфиатоваранд.
- Дар раванди барқарорсозии саломатӣ ранги гулобӣ таъсири мусбат мерасонад.
- Ба ҳар инсон, дар давраи муйяни ҳаёташ дар робита бо вазъи саломатӣ ва майли ҷисмониву руҳии он, ранги муайян мувофиқ меоянд.
Мутаасисофона, имрўзҳо дар кўчаву бозорҳои Тоҷикистон ҳама намуд либосҳоро дидан мумкин аст, ки бештар хислати таблиғӣ доранд. Ҳатто дар байни ҷавонон либосҳоеро дидан мумкин аст, ки бо шиорҳои бегонапарастӣ аз қабилӣ « Я мусульманин», «Я чеченец», « Я люблю Мухаммед» ва монанди инҳо мазҳаб ва миллатҳои алоҳидаро таблиғ мекунанд. Ин тарз либосҳо барои сохтани ҳуввияти миллӣ, албатта таъсири манфӣ доранд.
Имрўз мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки зимни интихоби либос саломатӣ, зебоӣ ва урфу одатҳои миллиро ба назар гиранд. Дар асри нав бархўрди фарҳангҳо тезу тунд шуда истодааст ва моро зарур аст, ки аз ин бархурдҳо зарари моддӣ ва маънавӣ набинем. Дар ин маврид бояд ҷанбаи дигари масъала – сабаби муваффақияти густариш ва мавриди писанд гардидани ин либосҳо мавриди омўзиш қарор гирад. Масъаларо мо бояд танҳо бо либос маҳдуд нанамоем. Зеро на танҳо либос, балки давлатҳои нисбатан қудратманди исломӣ аз қабили Туркия на танҳо либос, балки осори маънавӣ ва моддии худ аз қабили кино, мусиқӣ, хурокворӣ ва мисли инро густариш ва паҳн карда истодаанд. Дар баробари либос мо ҳамчунин зери таъсири ғояҳои дигаре, ки тавассути кино ва мусиқӣ ва маҳсулоти туркӣ ворид мегарданд, қарор гирифтаем. Рақобат ба ин таъсири идологӣ танҳо он вақт муяссар мегардад, ки мо низ айнан маҳсулоте истеҳсол намоем, ки бо он рақобатпазир бошанд. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулот аз ҷумла либос мо бояд таҷрибаи дигар давлатҳо бахусус Туркияро биомўзем. Масалан, яке аз сабабҳои муваффақияти либосҳои туркӣ ин омезиш додани унсурҳои миллӣ бо дастовардҳои муди имрўза мебошад. Он бо хусусиятҳои миллии худ маҳдуд нашудааст ва агар имрўз мо биниши худро бо либоси миллӣ бидуни ба назар гирифтани дастовардҳои муди имрўза маҳдуд созем, онгоҳ ба чизе муваффақ намегардем. Ҳолати мазкурро ба назар гирифта, зарур мешуморем, ки барои пешгирӣ кардан аз раванди густариши паҳншавии либосҳои бегона, бояд як ҳамоҳангие миёни ниҳодҳои лозимӣ аз қабили тарроҳон, фарҳангшиносон (этнографҳо), идеологҳои давлатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба вуҷуд биёяд. Бидуни иқдоми ниҳоят дурандешона ва густурдаи амалӣ ва ба назар гирифтани ҷанбаҳои миллӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ, танҳо бо роҳи тарғиби сарсарӣ ва ба истилоҳ «фаҳмондадиҳӣ» муваффақ гардидан дар ин самт ғайриимкон мебошад.
Мамадалиева Гулсанам Тоҳировна,
сармуаллимаи кафедраи математика ва
технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ