Изҳороти корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ Дилафрӯз Ҳомидова оид ба амалҳои бадхоҳонаи ТТЭ ҲНИ

ТТЭ ҲНИ ғаразҳои бадхоҳонаи худро дар хориҷи кишвар амал менамояд ва ягона ҳадафи ӯ ба миён овардани бадбахтӣ, ҷангу куштор, хунрезӣ мардумозорию ноодамӣ мебошад. Таҷрибаи зиндагии ҳаррӯза моро водор мекунад, ки ақлу идроки мо ҳар сония чун соат кор карда истад ва мо дастҷамъона бо унсурҳои нопок ба дасти ҳамдигар дода муборизаи беамон барем. Яке аз «наҷотдиҳандагон»-и миллат Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки мехоҳад бо дасисаву иғво тарафдорони худро зиёд сохта, ҷомеаро ба сӯи гумроҳӣ барад. Вале  ин амали онҳо пойянда нест. Зеро халқ худ бадиро аз некӣ ҷудо карда метавонад. Маҳз бо ҳиллаву найранги разикони палид дар Тоҷикистони гулгул шукуфони мо дар гузаштаи наздик оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада қариб буд, ки миллати машҳури тоҷик сӯхта нобуд шавад.

Шукри беадад ба меҳрубонии Худованди бузург, ки ба сари давлат шахсияти хирадманд, тавоно, донову соҳибтадбир дурандешу эҷодкор, созандаву фидокор, ватандӯсту ҷасуру олимазҳабро биншинонид, ки ин марди шариф бо ҷасорати беназир ва қаҳрамононаи хеш тамоми бадбахтиҳоро аз сари халқ дур карда зиндагии осоиштаро, ки зиндагии имрӯзаи мо аз ҷанноти афсонавӣ камӣ надорад насибамон гардонид. Таърих гувоҳ аст, ки бадгуҳарон, чӣ қадар фарзандро бепадар, чӣ қадар модарро бешавҳар, чӣ қадар писаронро гиребонгири падар намудаанд ва чӣ қадар мардуми меҳнаткашро ҷалои Ватан кунониданд, ки дар мамлакатҳои бегона бо мусибату хорию зорӣ ҷон ба ҳалокат супориданд. Терористон ҷавонони зархаридро аз мамлакатҳои гуногун ҷамъ карда, дар ҷои ҷанги бешарафона истифода бурда истодаанд, ки ҳар яки онҳо бо ибораи халқӣ гӯем “фанатик” шуда, на  ёди Ватану на ёди падару модару фарзанд ва на ёди хешу табор доранд.

ТТЭ ҲНИ дар ин маҳалҳо аз дин моҳирона истифода бурда истодаанд. Ҷавонон нерӯи бузург ҳастанд, терористон дар кӯшиши онанд, ки ин қувваи бузургро ба манфиати ғаразноки хеш истифода бурда, ҳадафҳои нопоки хешро бо дасти ин қувваи бузург амалӣ созанд. Ба миён омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” даъвати хайрхоҳона ва некбинонаи саривақтӣ мебошад. Ақлу заковати беназири инсон кашфиётҳои бузург эҷод намуд, ки ҳар яке ба беҳдошт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии инсоният нигаронида шудааст. Замони имрӯзаро давраи ҷаҳоншавӣ меноманд, ки ин тараққиёти азим байни эҷодкорон халқу миллатҳои ҷаҳон як навъ мусобиқа ба вуҷуд овардааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *