ЛАЪНАТКАРДАГОНИ МИЛЛАТ

 

Имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки роҳбари сиёҳдилу бадкинаи ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ дар барномаи “Паймони миллӣ…” ва яке аз пайравонаш Муҳаммадиқболи Садриддини бешараф  дар барномаи бо номи “Пайванд”баромад намуда, дастовардҳои  Тоҷикистони соҳибистиқлолро нодида гирифта, ба ҳар амалҳои давлатдорон беасос туҳмату ғайбат менамоянд. Бо шунидани суханҳои Кабирӣ ва Муҳмадиқболи бешараф ба назари кас афроде намудор мешавад, ки дили торику пур кина доранд ва имрӯз лаънаткардагони миллатанд. Воқеан лаънаткардагони миллат- наҳзатиён тафаккурашон олудаи кинаву мазаммат аст, имрӯз бештарашон фирорӣ шуда дар Аврупо аз минбар истода дар бораи “адолат” гап мезананд. Боиси сад афсус, ки душмани миллати тоҷик худи тоҷик аст, ки дар ҳамин сарзамини биҳиштосо ба воя расидааст ва чун кӯрнамаки нобакор ба хоки сарзамини худ хиёнат мекунад. Хулоса, суханҳои лаънаткардагони миллатро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки лаънаткардагони миллат – М.Кабирӣ, М.Садриддини бешараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.

Хотиррасон бояд кард, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш мароми халқи тоҷик аст! Воқеан кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди кишвар баҳри сазовор истиқбол намудани таҷлили ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҳаматарафа дида истодаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳама дар яқҷоягӣ ҷашни бузурги миллиамонро бо комёбии беназир пешвоз хоҳем гирифт.

 

                                               ҚАЮМОВ А.,

                                                   мудири шуъбаи маркази

                                           тестии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *