ЛАФСБОЗИИ ИЛҲОМ ЁҚУБОВ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

Ҷумҳурии азизамон  Тоҷикистон  таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб гардида,  яке аз давлатҳои пешрафта, орому осуда ва бехатар ба амнияти сокинон маҳсуб ёфта, имрўз дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва эътибори баландро касб намудааст.Эълон шудани соли 2019 ҳамчун «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ» низ яке аз барномаҳои созандае ба шумор меравад, ки барои пешрафту тараққӣ ва некуаҳволии мардуми шарифи кишвар нигаронида шудааст. Ҷои таассуф аст, ки дар ҷамъиятҳои осоишта  шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое  низ ҳастанд, ки кўшиши мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Масалан Ташкилоти террористӣ-эктремистии Ҳизби назҳати исломӣ-ТТЭ ҲНИ аз кабили чунин ниҳоти диниву мазхабии тундрав,  нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд  овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам  дар  барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Дар иртибот ба ин  бояд қайд қард,ки яке аз аъзоёни фирории  ТЭТ ҲНИ  Илҳом Ёқубов ва ҳаммаслакони ў дар Аврупо бо ҳаргуна баҳонаи гапҳои бардуруѓу беасос  ва ҷамъомадҳои ифротиро баргузор намуда истодаанд. Алҳол И.Ёқубов бо баробари роҳбарон  худ ба хориҷа паноҳ бурда, мисли сагони дайду овора мегардад ва дунболи фурсатҳои мусоиду анҷоми амру фармонҳои хоҷагонаш қарор дорад. Бо ин роҳи найрангу фиреби навбатиашон кўшиш доранд, ки бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан, намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Бо баробари ин инчунин созмонҳои ифротӣ, аз қабили  “Пайравони миллии Тоҷикистон” шомил созанд. Торҳои ин ташкилот дар  минтақаҳои Аврупо паҳну парешонанд. Итминони комил дорем, ки ҳеҷ як хоин ва бадхоҳе наметавонад бо чунин рафтори пасту разилонаи худ нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ коста гардонад. Имрўз  фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он расман Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Ҳизби назҳати исломӣ дониста шудааст. Дар ин бора хоҷагони хориҷии ТТЭ  ҲНИ  андеша кунанд. Набояд фаромўш кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави пешрафтҳои замони истиқлолият  қарор дорад. Хулоса, имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор чун Илҳом Ёқубов,  ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодаанд ва минбаъд низ ханд бурд.

Мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
дотсент Файзиева Сарвар

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *