Мулоқоти ректорони Донишгоҳҳои олии вилояти Суғд бо хатмкунандагон н. Ашт

Имрӯз, 12 феврал дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, вохӯрии ректорони донишгоҳҳоии олии вилояти Суғд бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия доир гардид.

Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълими Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Икром Салимов, омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок дошт.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида зикр намуд, пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо  мекунад, ки барои дар оянда ба як касби хуб ва ба ҷомеа зурур соҳиб гардидан бояд аз имрӯз андеша намоем.

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот роҳбарони донишгоҳҳои олии вилоят барои интихоби дурусти касб ба довталабони соли таҳсили 2019 бо имкониятҳои донишгоҳҳо ва шароити таҳсил довталабон аз ноҳияи Аштро шинос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин мулоқот  аз 73 муассисаи таъилимии ноҳия зиёда аз 1000 нафар хатмкунандагон иштирок намуда, аз роҳбарони  донишгоҳҳои олӣ ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *