ЛӮХТАКБОЗӢ ВА ЛӮХТАКОНИ ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ АЁН АСТ!

         Дар ҳар давру замон ҳифзи амнияти давлату миллат аз хатару таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳои давлатсозиву давлатдории ҳар миллати тамаддунофар маҳсуб мешуд ва имрӯз низ ин масъала авлавияти худро гум накардааст. Мутаассифона, бо суръати баланд паҳн шудани идеологияи созмонҳои экстремистиву террористӣ нигаронкунанда буда, авзои сиёсии ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам печидаву мураккабтар гардонидааст ва ҳолати баамаломада аз мамлакатҳои ҷаҳон тақозо менамояд, ки зидди ин падидаи манфии ҷомеа муборизаи дастҷамъона баранд. Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин тарғиби андешаҳои ифротӣ-террористӣ аз ҷониби худи тоҷиконе, ки дар берун аз Тоҷикистон қарор доранд, мебошанд. Масалан паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли..”, ки дар асл ҳамон ҲНИ аст, бо ибораи дигар хар ҳамон вале полонаш дигар аст, ки имрузҳо бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ яке аз узви фаъоли наҳзатӣ  Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҷалби шогирдону думравонаш, тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”(Ислоҳ ТV), дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, Абдухалил Восеев ровии барномаи “Дурахши ҳақ” ва дигаре Ҳусеён Ашӯров ровигии барнома бо номи “Ҳақ ва ботил” мебошанд, ки дар давоми солҳои сипаригардида ва аз оғози соли равон баромадҳои ифротӣ менамоянд. Суханрониҳои дорои мазмуну моҳияти экстремистию террористидоштаи ин тӯдаи хоинон маводҳои канали ютубии онҳо дахл доранд, ки дар фазои маҷозӣ бо ғаразҳои разилонаю нопок давр занонда мешаванд. Як теъдоди дигар чеҳраҳои аслии худро нишон намедиҳанд, бо номҳои гӯё динӣ ва лақабҳо, аз қабили Фотеҳ Саид, Сабурӣ, Яъса, Чегевара, Муҳоҷир, Ҷонсони кӯдаковоз ва ғайраҳо баромадҳо менамоянд. Ин афроди гумроҳшудагон, амиқтараш лӯхтакони наҳзатиҳо мебошанд, ки тибқи супориши Кабирии лӯхтакбоз пайваста ба туҳмату таҳқир ва такфир машғул шуда, мардумро ба пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ даъват мекунанд. Ин гурӯҳаки ифротӣ аз ҳақиқати инсонӣ дур мехоҳанд миллату давлати тоҷикро дар вартаи муноқишаҳои навбатӣ андозанд. Бинобар ин, ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд бидонанд, ки тасдиқ ва паҳн намудани маводи ин лӯхтакони наҳзатӣ ва ба ҳамин монанд дар фазои маҷозии Тоҷикистон ҷиноят ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд ин чеҳраҳои палидони ватанфурӯш барои мардум ҳамчун ифротгари хоин шинос аст, аммо боз пайдо мешаванд нафароне, ки суханҳои бемазмуну аблаҳонаи онҳоро дониставу надониста паҳн менамоянд ва бо ин амалашон худро ба кӯчаи ҷиноят мебаранд.

Аз фурсат истифода бурда ба тамоми ҷавонони бонангу номуси кишвар муроҷиат намуда, таъкид менамоем, ки паси сохтани ин барномаҳо, таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ манфиати қудратҳо нуҳуфта аст ва таблиғи ин андешаҳо танҳо дар “осиёби онҳо об рехтан” аст. Пеш аз ин ки як маводро мехонед ва ё паҳн кардани мешавед, аввал онро бодиққат хонед ва фикр кунед оё ин кор зарур аст ё не! Сониян фикр кунед, ки тарғиби он ба Шумо чӣ медиҳад, вале яқин донистан шарт аст, ки оқибати ин амалҳо маҳбас мебошад. Вақт довар ва таърих гувоҳ аст, ки то ҳол ягон ҳизбу ҳаракати экстремистӣ дар ягон кишвари мусулмонӣ ягон ободӣ ва созандагӣ наовардааст. Хулоса, имрӯз, ки барои ҳар як ҷавони тоҷик майдони васеи амал баҳри ободкориҳо ба хотири ояндаи амну осоиштагии мамлакат ва имконоти илмомӯзӣ муҳайё мебошад, ва зарур аст, ки ин имконотро танҳо ба ҳамин ҳадафҳо истифода намоянд, яъне ҳадафи илмомӯзию мусоидат ба рушду тараққиёти мамлакат ва таҳкими истиқлолияту оромии Тоҷикистони азиз. Танҳо бо дарки воқеият ва бардошти солим бояд қадами устувор гузошт!

Ф.ҚУРБОНОВ, мудири бахш

кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *