Имрӯз яке аз ҳаммаслаки бешарафи паймони худсохтаи наҳзат –«Паймони милли..» афроде бо номи Муҳаммадиқбол, бо лақаби “Иқболбӣ”маъруф аст аст, ки дар яке аз кишварҳои Аврупо иқомат дошта, барои амали намудани супоришҳои роҳбарияту хоҷагонаш тариқи шабакаҳои иљтимоӣ, алалхусус тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет (Ислоҳ.ТV)” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” макру ҳилаи рӯбоҳонааро ба кор бурда, бо ҷалби шогирдону пайравонаш баромадҳои ифротӣ менамояд. Аз баромадҳои қаблӣ ва имрӯзаи ин гурӯҳаки ифротӣ хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки аз рафтору гуфторашон нисбат ба давлату миллат даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепоя дар бораи масъулият, одобу аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатомези иѓовоанезонааш бори дигар ба мардум нишон дод, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунад. Ҳамаи макру ҳилаи рӯбоҳона, масхарабозӣ ва сухану наворҳои дурӯғине, ки аз љониби Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравонаш тавассути барномаи ифротиашон пахш мешавад, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Ҳадафи ин гурӯҳаки ифротӣ ба ҳамагон аён аст, ки он асосан байни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ба воқеоту рӯйдодҳо воқеъбинона баҳо дода, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзем ва худро аз чунин ҷараёнҳои номатлуб дур гирем.
Хулоса, изҳори матлаби ин андеша аз љониби як омўзгор дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тољикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрўз љавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳҳои иѓвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки имруз шукри осоиштагӣ ва давру замон намуда, барои барҳам хӯрдани чунин гурӯҳҳои ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттифоқона муборизаи беамон барем.Бибобар ин, аз ҳар як инсони ватандор, муҳоҷиру мусофир даъват ба амал меорем, ки аз тамошо ва ҳамроҳ шудан ба ин гурӯҳҳои мамнӯъшудаи ифротгаро дар шабакаи иҷтимоии фейсбук, ютюб ва амсоли инҳо худдорӣ намоянд ва ҳаёти худро зери хатар нагузорад. Ҷавонон бояд шабакаҳои иҷтимоиро фақат ҷиҳатҳои мусбиашро истифода баранд, барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, барои истифодаи китобхонаҳои электронӣ, ҳамчун шабакаи иттилоотӣ ва ғайраҳо истифода баранд.
М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ