ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТнисбат ба баромадҳои иғвоангезонаи бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо, ҷавонони Донишкада борҳо вобаста ба бармадҳои бадхоҳони миллат,аз ҷумла оид ба фаъолияти муғризонаи раҳбарияту пайравони паймони худсохти наҳзат -“Паймони милли…”андешаронӣ намуда, онро шадидан маҳкум карда будем. Ин навбат нисбат ба суханҳои иғвоангезонаи бадхоҳони миллат, бахусус оид ба баромадҳои ифротии Муҳаммадиқболи Садриддин, ровии барномаи иифротӣ “Минбари муҳоҷир” ва дигар афрод бо номи Ҳусейн Ашӯров, ки ровии “Ҳақ ва ботил  мебошад, зимни изҳороти навбатиамон  сараввал маҳкум менамоем. Ин бадхоҳони миллат, ки лухтакони наҳзатиҳо мебошанд, тибки супориши раҳбарашон дар давоми моҳҳои охири соли равон тавассути шабакаҳои интернет бо навбат баромадҳои беасоси ифротӣ намуданд.Бояд қайд кард, ки ин лӯхтакони наҳзатиҳо чун солҳои қаблӣ боз бо сухани бемантиқу ғайбати ифротиашонро пеша намуда, наворҳои дурӯғинро намоиш дода, омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.

Мо борҳо зимни изҳороти хеш гуфта будем, боз мегӯем, ки кӯшишҳои навбатии хоинони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ҳар фарди борору номуси миллат, бахусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Ҷавонони даврони соҳибистиқлол минбаъд  аз дируза дида имрӯз бояд кӯшиш намоянд, ки кишвари ободгаштаистодаи худро боз ҳам ободтар намуда, баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду чаҳд созанд.

Ин изҳороти мо аз рӯи ҳавову ҳавасе не, аз рӯи васфу лагандбардорӣ бар касе не, балки аз рӯи виҷдону инсоф, худогоҳиву худшиносиамон рӯи коғаз овардаему , бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламон, фазои оромӣ ва ягонагиву якдигарфаҳмии ҳаммиллатонамон рӯҳу илҳоми тоза мегирем, зеро ин худ неъмати Иллоҳиву бебаҳоест,ки мо миллати тоҷикро бо рушду тарақиёти соҳаҳои мухталифи ҷомеаи имрӯзаамон ба қуллаҳои баланд бурда мерасонад.       

         Дар фарҷоми изҳороти хеш қайд менамоем,ки мо ҷавонони ҷомеаи муттамадини имрӯза бояд бар зидди амалњои номатлуб, бахусус нисбат ба ифротгароиву терроризм муборизаи беамон барем. Хулоса, љавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд. Набояд фаромӯш кард, ки пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии ҷомеа вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттиҳоди ҷавонон асоси он ба шумор рафта, муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *