Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ДИС ДДТТ сипоснома тақдим намуд

Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд Сипоснома тақдим намуд.
Мӯҳтавои Сипосномаро барои иштироки фаъолонаи ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкада дар чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву сиёсии сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ арзёбӣ карда, як навъ қадршиносӣ ва эҳтироми хоссаи Кумита нисбати ташаббускориҳои Донишкада метавон шинохт. Сипосномаро намояндагони Кумитаи ба директори Донишкада д.и.и., профессор Аминов И.А супурда, миннатдории хешро ба ҳамаи иштирокчиёни чорабиниҳо изҳор карданд.
Боиси зикр аст, ки Сипосномаи Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкада аз дастовардҳои ифтихории аҳли таълимгоҳи мо ба ҳисоб рафта, хазинаи бойгонии дастовардҳои моро боз ҳам ғанитар мегардонад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *