Бо иқдоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни олимони ҷавон бо номи «Навовари беҳтарин» бо ширкати беш аз 15 намояндагони муассисаҳои олии кишвар дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми кишвар, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёев ҳозиринро бо шартҳои баргузории озмун шинос намуд. Қайд шуд, ки ба озмун 30 лоиҳа пешниҳод гардида, ҳайати ҳакамон дар се самт- техника ва технология, информатика ва табию риёзӣ лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи олимони ҷавонро месанҷанд.
Сипас озмун дар бахшҳо оғоз ёфта, олимони ҷавон бо истифода аз проектору мултимедиҳо тавонистанд, лоиҳаҳои омодакардаи худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намоянд. Мавзўи лоиҳаҳо гуногунрангу мутобиқ ба шароити рўз буд.
Дар бахши техника ва технология ғолибият насиби Сайидалиев Олим аз Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа гардид. Зинаҳои дуюм ва сеюмро Мирзоев Гулаҳмад аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Исломзода Дилшод аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Равшанов Дилшод аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даст оварданд. Дар бахши информатика ҷойи аввалро донишҷўи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҳаёев Кароматулло ва Умедаи Талаб аз Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба даст оварданд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро Муродова Санавбар аз Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа, Воҳидов Алишер аз Донишкадаи молия ва иқтисодӣ ва Ҷабборов Абдурашид аз Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд ишғол намуданд.
Дар бахши табиӣ ва риёзӣ Осими Оқил аз Донишкадаи куҳӣ-металлургӣ беҳтарин буд. Тағоев Ҷамшед ва Булбулов Ҷумъахон аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷойи дуюму сеюмро ишғол намуданд.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол, диплом, мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаҳоро дар вазъияти тантанавӣ Сардори Раёсати илм ва инноватсия Хуршед Зиёев ва директори донишкада Дилафрўз Сангинова супориданд.
Нуъмон Раҷабзода