Дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда

(Дар ДИС ДДТТ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид)
Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки ҳайати васеи меҳмонони олиқадр, профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дурнамои макроиқтисодӣ ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунанда” баргузор гардид.

Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ д.и.и., профессор Инъомҷон Аминов ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони арҷманд ва аҳли нишастро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ зимни суханронии хеш меҳмонони аз хориҷи кишвар ташрифовардаро ба Суғди бостонӣ шодбош гуфт ва имкониятҳои иқтисодиву тиҷоратии вилоятро тавассути намоишномаи таҳияшуда дар баромади хеш манзури ҳозирин намуд. Намояндаи Иттифоқи Тоҷикматлубот А. А. Набиев андешаҳояшро перомуни Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ташаккул ва равнақи таълиму тадриси донишҷӯёни донишкада баён дошт. Номбурда таманниёти раиси раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот муҳтарам Ҳ. Идиевро ба аҳли иштирокчиёни конфронс иброз намуда, ба кори он бурдборӣ орзу намуд.
Ҳамзамон сардори Раёсати илми ДДТТ Саидаҳмад Зубайдов табрикот ва таманниёти ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон д.и.и., профессор М. М. Шарифзодаро ба кулли ширкаткунандагони конфронс иброз дошта, ба кори он дар бахшҳо муваффақият орзу кард.
Баъди анҷоми суханрониҳои табрикотӣ қисмати асосии конфронс – бахши шунидани маърӯзаҳои илмӣ оғоз гардид. Сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Ш. Бурҳонзода дар мавзӯи “Дастовардҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият” маърӯзаи илмӣ намуда, аз бурду бохти иқтисоди кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот дод.
Ҷонишини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ оид ба илм ва инноватсия, д.и.и., профессор Т. Р. Ризоқулов дар маърўзаи хеш тафсири макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ, баҳодиҳии умумӣ ва равияҳои афзалиятноки рушди иқтисоди мамлакат, роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва таъмини дурнамои макроиқтисодии онро мавриди баҳс қарор дод.
Доктори илми иқтисод, профессори Донишкадаи савдо ва иқтисоди Донишгоҳи федералии Сибири Федератсияи Русия Аида Талятовна Петрова дар мавзӯи “Тавсифи муқоисавии муаммоҳои рушди инноватсионии минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон” (бо забони русӣ) маърӯза намуда, оид ба муаммоҳои рушди инноватсионии манотиқи ду кишвар таҳлили муқоисавӣ карда, роҳҳои ҳалли ин муаммоҳоро пешниҳод кард.
Дар маърӯзаи хеш таҳти унвони “Такомули муносибатҳои иқтисодӣ дар Роҳи Бузурги Абрешим” д.и.и., профессори Донишгоҳи технологии шаҳри Москваи Федератсияи Русия М. Қ. Ҳусаинов оид ба муносибатҳои иқтисодии кишварҳои абарқудрати олам дар Роҳи Бузурги Абрешим (дар мисоли Чин ва Русия) таҳлили илмии иқтисодӣ намуда, бурду бохти ин муносибатҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, н.и.и., дотсент Д. А. Мирпочоев перомуни “Дурнамои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттифоқи иқтисодии Авруосиё: ҷанбаҳои мусбат ва манфии он”  андешаҳои судманд баён дошт.

Мавриди зикр аст, ки конфронси байналмилалӣ дар ДИС ДДТТ дар панҷ бахш идома ёфта, беш аз 100 маърўзаҳои илмӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.  Лозим ба таъкид аст, ки маърўзаҳои илмии конфронси баналмилалӣ дар маҷмуаи алоҳида интишор хоҳанд шуд.

Нуъмон Раҷабзода,
Каёнуш Калонзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *