Конститутсия Тоҷикистон-баёнгари ормонҳои нигон ва дастурамали сулҳу суботи ҷомеа аст!

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ  мулоқоти судманд ва чорабинии фарҳангӣ-адабӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директори донишкада оид ба таълим номзади илми иқтисод, дотсент Ҳомидҷон Ҳошимов ифтитоҳ карда, меҳмононро ба таълимгоҳ хайра мақдам гуфт. Дар мулоқот мудири шуъбаи идеология ва робитаи бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ иштирок ва суханронӣ карда, табрикоти Раиси вилояти Суғд, Муовини аввали Раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи кишвар, ба аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада қироат намуд.
Устоди донишкада Абдуллоҷон Шамсиддинов оид ба сайри таърихии Конститутсия ва марҳилаҳои райъдиҳӣ ба лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба онҳо дар давраҳои Тоҷикистони шуравӣ ва соҳибистиқлол маърӯзаи пурмӯҳтаво хонд. Мавсуф зарурати ворид кардани лоиҳаҳои тағйиротҳоро ба Конститутсия тақозои давру замон пиндошта, аҳамияти қонунӣ ва умумибашарӣ доштани онро бо арқоми далелҳои мустанад собит намуд.
Устоди кафедраи ҷомеашиносии донишкада Авазматов перомуни ҷашн гирифтани Рӯзи Конститутсия ва ба ғояи миллату давлати тоҷикон табдил ёфтани бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ андешаи арзишманди илмиву фалсафӣ баён дошта, ҷашнгирии ин рӯзро фоли нек ва санаи таърихӣ маънидод намуд.
Донишҷӯёни донишкада бо қироати порчаҳои шеърӣ дар васфи Ватан, Конститутсия, Пешвои миллат ва ифтихор аз миллату марзу буми аҷдодӣ собит намуданд, ки ворисони арзандаи ниёгони ба ору номуси хеш ҳастанд.
Ҳамзамон сурудани сурудҳои эстрадӣ, ки аз ҷониби донишҷӯён таҳия гардида буд ба чорабинӣ ҳусни идона зам кард.
Ҳамин тариқ аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Рӯзи Конститутсияро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда, бо шукргузорӣ аз фазои озоду ором, ва шукуфоии кишвари маҳбуб ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *