Давом додони таҳсилот ва ғанӣ гардонидани донишу малакаҳои касбӣ барои ман яке аз мақсадҳои шахсии афзалиятнок ба шумор меравад. Бо ҳамин сабаб, баъд аз хатми ДИС ДДТТ аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо” доимо, дар ҳаракати пайдо кардани имкониятҳои нав будам. Мақсади асосӣ ин давом додани таҳсил дар хориҷи кишвар буд. Чи хеле ки мегӯянд: “ҷӯянда, ёбанда”, баъд аз ҷустуҷӯйҳои зиёд ва иштироки пайваста дар барнамоҳои гуногуни байналмиллалӣ, натиҷаи хуб дод. Дар давоми соли 2014-2015 ба ман ду пешниҳод барои идомаи таҳсил ва гирифтани унвони Магистр (M.Sc) омада буд. Яке аз тарафи Академияи САҲА (Академияи ОБСЕ), дар шаҳри Бишкек-и Қирғизистон, бо барномаи “Магистр дар идоракунии иқтисодиётӣ ва рушд” ва дигаре аз тарафи барномаи “ERASMUS MUNDUS” лоиҳаи “Silkroute”, ҳамоҳангсозии Донишгоҳи Падова-и шаҳри Падоваи Италия гирифтани унвони магистр бо барномаи “Магистр дар раҳбарии бизнес ва технологияҳои иттилоотӣ” дар Донишгоҳи Кантабрия, шаҳри Сантандери Испониё. Саволи ба миён омада, интихоби ин ё он, на он қадар душвор буд, якчанд омилҳо ба интихоби ман таъсир кард: донистани забони испонӣ, шавқу завқ дар ТИК, шароитҳои беҳтари зисту хониш ва оддитарин омил, ин дӯст доштани давлати Испониё, ки маро барои интихоби стипендияи “ERASMUS MUNDUS” водор кард.
Соли хониши Ман дар Донишгоҳи Кантабрия-и шаҳри Сантандер аз моҳи сентябри 2015 оғоз ёфта, то моҳи июли соли 2016 давом дод. Албатта хониш осон набуд, агар дар маҷмӯъ 62,5 кредит, ин иборат аст 19 фан, ки 18-тои аз онҳо бо забони испонӣ, коромӯзӣ дар муддати 2,5моҳ ва навиштани рисолаи магистри бошад, мо ҳар рӯз аз Душанбе то Шанбе аз соати 16:00 то 21:00 дарс мехондем. Ба ман ҳайратовар буд, ки натиқаҳои хониши ман бисёр худ буданд, агар холи баландтарин ба 10 баробар бошад, холи миёнаи ман аз ҳамаи 19фанҳо ба 8,1 баробар шуд, ки ин натиҷаи баланд бисёр хуб ба ҳисоб мерафт. Инчунин бояд қайд кард, ки дар байни 21 нафар донишҷӯён ҳамаги 4 нафар аз хориҷи кишвар, ки 3 нафари онҳо аз Мексика ва Колумбия, ки забони давлатиашон испонӣ мебошад. Барои ман, ёфтани забони ин 3 нафар осон буд, фикр мекунам, аз он сабаб ки, онҳо низ берун аз хона буданд, ва дӯстӣ кардан бо онҳо нисбатан осонтар буд.
Ба фикрам аз сабаби оне, ки фанҳо ба ман бисёр шавқовар будан, бо равиши вақт осонтар аз худ карда мешудаанд, инчунин ин хизмати калони устодон мебошад, ки бисёри аз онҳо устодоне, ки соҳиби бизнеси худ ҳастанд ва дараҷаи дониши баланд доранд.
Дар давоми соли хониш, ба мо муяссар гашт, ки ба якчанд корхонҳову марказҳои инноватсионӣ бо роҳбарии устодон ташриф кунем. Ба монади:
- BSH ( таалуқ дорад ба BOSCH) -заводи коркарди плитаҳои гази
- Маркази додаҳои бонки Сантандер (data-center) яке аз колонтарин дар Испониё – маркази додаҳои бонк, ки ҳамаи маълумотҳоро нигаҳ медарод ва коркард мекунад.
- Creative center Smart Santander – маркази намоишии “Smart city”, таҷҳизотҳои инноватсионии ки дар сохтани шаҳри оқил(доно) истифода бурда мешанд.
Инчунин дар бисёр семинарҳову конференсияҳои, чи аз тарафи донишгоҳ ва чи аз тарафи ташкилотҳову корхонаҳо ташкил шуда, дар мавзӯъҳои “Робитаи сектори хусуси бо муассисаҳои таълимӣ”, “Идоракунии лоиҳаҳои инноватсионӣ”, “Истифодаи ТИК дар пешбурди соҳаи туризм” иштирок доштам.
Дар давоми коромӯзӣ, ки назди роҳбари барномаи Магистрии ин донишгоҳ, PhD. Pedro Solana буд, бисёр малакаҳои касбиамро беҳтар кардам, ин як таҷрибаи ба ҳеҷ чиз ноарзанда ба ман ба ҳисоб меравад. Ман бо ин устод бисёр робитаҳои хуби касбӣ ва инчунин дӯстӣ пайдо кардам, ҳоло бо роҳбарии PhD. Pedro Solana ман рисолаи магистрии худро дар мавзӯи “Таҳияи модели консептуалли “Smart city” дар мисоли шаҳри Хуҷанд.” ба пеш бурда истодаам.
Бояд, қайд кунам, ки ҳамаи ин заҳматҳою пешравиҳое, ки ман муяссар гашт, дар аввал бо ёрдаму дастгрӣ ва дуои падару модарам, хоҳарону хешовандонам, ҳамаи устодони ман дар ДИС ДДТТ ва инчунин ҳамсару фарзандам, ки дар давоми сайёҳати ман ҳамавақт бо ман буданд.