Дар ДИС ДДТТ Рӯзи Президенти Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Бо Қарори Маҷлиси Олии Тоҷикистон минбаъд 16-уми ноябр чун Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бо мақсади шиносоӣ ва омӯзиши дастуру супоришҳо, Паёмҳо, мақолаву китобҳои Пешвои миллат дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ҷаласаи умумӣ ва намоиши асарҳои Президент баргузор гардид.
Чорабиниро директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Рауф Олимӣ ифтитоҳ бахшида, доир ба аҳамияти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ доштани ин санаи мубораку фархунда фикру андешаи ҷолиб иброз намуд. Муовини директор оид ба таълим, номзади илми иқтисод, дотсент Ҳомидҷон Ҳошимов аз таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдоварӣ карда, нақш ва хизматҳои шоёни Пешвои миллатро дар сарҷамъиву ягонагӣ ва Ваҳдати ҷомеаи мамлакат беандоза ва беназир баён дошт.
Устоди кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа, профессор Мақсудҷон Мирбобоев дар муаррифии асарҳои Пешвои миллат бо маърӯзаи пурмӯҳтавои хеш баромад карда, оид ба китобҳои Президент, аз ҷумла, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Ман ба шумо сулҳ меоварам” ва ғайраҳо маълумоти мукаммал пешниҳод кард. Номбурда аз аҳамияти илмии асарҳои мазкур ҳарф зада, перомуни сарчашмаҳои таҳқиқӣ ва илмии ин асарҳо низ андешаҳои ҷолиб баён кард.

Сипас, мудири кафедраи назарияи иқтисоди донишкада, доктори илми иқтисод, профессор Абдумавлон Азимов суханронӣ карда, оид ба нақш ва саҳми Пешвои миллат дар сулҳу суботи ҷомеа ва рушди сосаҳои гуногуни он андешаронӣ кард. Қайд карда шуд, ки саҳми бевоситаи Пешвои миллат дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус иқтисодиёти Тоҷикистон бағоят бузург буда, иқтисодиёти қариб нобудгаштаи мамлакатро ба пуррагӣ аз нав барқарор гардонидан, ба истиқлолияти комили энергетикӣ расидани кишвар, аз бумбасти комуникатсионӣ раҳоӣ ёфтани мамлакат ва ғайраҳо аз зумраи садҳо ташаббусҳои Президент аст, ки барои рушди устувори иқтисодии мамлакат замина гузоштаанд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ намоиши қариб сад номгӯи китобҳои Президент ва асарҳои ба Пешвои миллат бахшидашуда ба тамошо гузошта шуда буд, ки ба хонандагон, махсусан донишҷӯён як ҷаҳон таассуроти маънавӣ эҳдо намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *