Китоби дарсии “Маркетинг”

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор А.Бойматов бо асарҳои худ барои инкишофи илму амалияи иқтисоди бозорӣ, соҳибкорию фаъолияти тиҷоратӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Аз ҷониби устод А.Бойматов ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби дарсии “Маркетинг” иборат аз ду қисм нашр карда шуд.
Китоби мазкур назария ва амалияи маркетинги муосирро дар бар гирифта бо тахлилу баррасии яке аз ғояҳои низоми иқтисоди бозорӣ – маркетинг бахшида шудааст. Муаллиф мазмуни истилоҳи маркетинг ва тарзи идораи он, банақшагирӣ ва тартиби чораҷӯиҳои маркетингиро дар раванди фаъолияти бозории ширкат тасвир намудааст. Дастури мазкур барои толибилмони бахши бакалаврии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тарзи кредитӣ таҳсил намуда, ихтисоси иқтисодӣ касб хоҳанд кард, пешниҳод мешавад.

IMG_0533
IMG_0538
IMG_0542
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *