АМНИЯТИ ДАВЛАТ ОСОИШТАГИИ МИЛЛАТ АСТ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди манфиатҳои давлатҳои қудратманд, арзишҳое боло мегиранд, ки ба амнияти давлатҳои дигар таҳдид эҷод мекунанд. Дар ҳолати кунунӣ, ки авзои сиёсии ҷаҳон ноором аст, зарурат пеш меояд, ки ҳар як давлат бехатарии сарҳадӣ ва дохилии худро таъмин намояд. Ҳолати ба амаломада дар Русия метавонад амнияти давлатҳои Осиёи Миёнаро низ зери суол гузорад. Тоҷикистон, ки бо кишвари Афғонистон ҳамсарҳад аст, масъалаи амнияти кишвар дар сатҳи мухталиф мураккаб мебошад. Ҳодисаҳои рӯзҳои охир дар Бадахшон худ шаҳодат аз он медиҳад, ки гурӯҳҳои бадхоҳ бо истифода аз қувваҳои беруна мехоҳанд авзои сиёсии на танҳо як минтақаи Тоҷикистон, балки амнияти саросарии он ва дар маҷмӯъ минтақаро халалдор намоянд. Аз ин рӯ, мақомоти олии давлатӣ ва ҷамиятӣ кушишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд, ки онро дар сатҳ ва дараҷаи лозимӣ нигоҳ дошта тавонанд. Дар Тоҷикистон чун дар кишварҳои дигар мақомоти махсуси амниятӣ дар сатҳи гуногун вуҷуд доранд. Тамоми мақомоти низомӣ ва қуратӣ вазифадоранд, ки масъалаҳои мушаххаси амнияти давлатӣ ва ҷомеаро ҳаллу фасл намоянд. Дар шароити давлатҳои мутамаддини олам мақомоти низоми масъулияти мушаххас доир ба ҳимоя ва таъмини амнияти кишварро доранд. Махсусан мақомоти Амнияти миллӣ вазифаҳои назаррасро ба иҷро мерасонанд. Азбаски дар ҷомеа доираи талабот ва манфиатҳои субъектҳои дохил ва хориҷи кишвар дар сатҳи гуногун қарор дорад, барои нигоҳ доштани низоми ягона ва манфиатҳои умумӣ, ки бехатарии давлатро таъмин менамояд, ҳокимият фаъолияти мақомоти қудратӣ ва низомиро мустаҳкам месозад. Вазъияти номутаносиб, ки хоси марҳалаи муосири инкишофи Тоҷикистон гардидааст, метавонад дар раванди таъмини амнияти кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ таъсири манфӣ расонад ва ҳатто масъалаи таъмини амниятро зери хатар гардонад. Дар мавриди аввал он шояд назаррас нагардад ва фақат муносибатҳо ва масъалаҳои инкишофи дохилиро дарбар гирад, вале тадриҷан ба сатҳ ва дараҷаи таъмини амнияти саросарии кишвар зиён меорад. Мақом ва нақши мамлакатро дар сиёсати кабир ва муносибатҳои муосири байнидавлатҳо мекоҳонад. Вазъияти баамаломада ба соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ, махсусан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад ва истиқлолияти давлати миллиро зери хатар мегузорад.

Дар баробари ин давлатро таҳдидҳое фаро гирифта метавонанд, ки хусусияти дохилӣ ва хориҷӣ доранд. Таъмини амният ва нигоҳ доштани суботи кишвар на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ба нангу номус аст. Моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида барои якпорчагии давлат ва ваҳдати миллӣ сайъ намоем. Зеро беҳтарин неъмат барои инсон амният аст, оромӣ аст ва истиқлолият, ки зери ин мафҳумҳо ояндаи давлат ва миллат таҷассум мегардад.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *