КИШВАРИ МО ҶОНИБДОРИ ҲАЛЛУ ФАСЛИ ФАРОГИРИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН МЕБОШАД!

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нисбатан ба эътидол омадани вазъи Ироқу Сурия бештари аъзоёни ташкилоти террористии Давлати исломии Ироқу Шом, Ал-Қоида ва даҳҳо равияҳои ифротӣ дар Афғонистон маскан гирифтаанд. Баробари ин зиёда аз як сол мешавад , ки ҳаракати “Толибон” ба сари қудрат омада, вазъи ин кишварро душвору пурҳассос карда, аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рӯ ба таназзул бурда истодаанд. Ин ҳолат боиси ташвиш ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст. Вобаста ба ин ҳолат Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарини созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла 16 майи соли ҷорӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар пойтахти Федератсияит Русия, шаҳри Маскав баргузор шуд, баромад карда, бахусус вобаста ба Афғонистон зикр намуданд ва изҳор доштанд, ки вазъи минтақа ҳассос аст. Хулоса аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, қабул гардидани ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат, ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфуз ва давлатҳои мутараққии ҷаҳон бешубҳа собитгари онанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири рушду созандагӣ қарор дошта, аз ҳар як шаҳрванд масъулияти бештару ҷиддиро тақозо менамояд. Кишвари мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошад. Дар интиҳои андешаи хеш аз суханронии Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос меорем: Бо итминон изҳор медорам, ки ин рӯзҳои сахти мардуми Афғонистон абадӣ нестанд ва умед дорам, ки дар Афғонистон оқибат ақли солим пирӯз шуда, дар ин кишвари ҳамсоя сулҳу оромӣ барқарор мегардад ва мо бо ин давлати ҳамсояву дӯстӣ худ робитаҳои ҳамаҷонибаро тақвияту тавсеа мебахшем.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *