КИНАЮ ҒАРАЗҲОИ ТТЭ ҲНИ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

       Ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) дар либоси поки дини мубини ислом бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои ғаразноки ҳаммаслакон ва иҷрои саривақтии супориши хоҷагони хеш тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намуда, пас аз ин ҳама  хиёнату кирдорҳои зишт, амалҳои сахту сангин барои миллат  ва доғ овардан ба обрўи миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дубора мехоҳад аз минбарҳои созмонҳои бунуфуз,аз ҷумла бо Созмони амният ва хамкори дар Аврупо (САҲА), ки онҳо аз кирдорҳои М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш огоҳӣ надоранд, худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сафед намояд.ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии хиёнаткор ва миллатфурӯш Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад бо риёкориву сохтакориҳо дар конфронси САҲА ва сомонаҳои иҷтимоӣ пардаи сиёҳро ба либоси сафед табдил дода, дар назди созмонҳои хориҷӣ худро  бечораву бегуноҳ ва ҳамзамон рақиби сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, бо туҳмату буҳтон, сафсатаю дурӯғҳои фитнаангез мехоҳанд оромиву осудагӣ, тинҷию амонӣ ва Истиқлолияти комили миллиро халалдор намоянд.Бо назардошти чунин вазъ мо устодони кафедра ибрози ақида намуда, ба шаҳрвандони кишвар сидқан изҳор менамоем:  дар айёми феълии зуд тағйирёбанда дар афкори ҷамъият тақозои онро дорад, ки баррасии онҳо дар ҷомеаҳои меҳнатӣ-мактабу донишгоҳҳо,коргоҳҳо, ташкилотҳо, маҳаллаҳо, шаҳру деҳоти мамлакат бисёр муҳим ва зарур буда, онҳо ба тақдиру ояндаи давлат ва миллат пайванди қавӣ доранд. Қабл аз ҳама, набояд ҳушёрии сиёсиро аз даст дод. Бахусус, таъмини суботи доимӣ дар кишвари азизу соҳибистиқлоламон Тоҷикистон,  мусоидат ба рушди бонизоми ҷомеа, тамоми тадбирҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои муосирро бояд андешид.

Таъкидан ба замони пурталотуми сиёсии имрўз ба кулли шаҳрандони кишварамон даъват ба амал меорем:

-Ҳар як шахси миллатдўсту ватанпарвар баҳри рушду нумўи ҷомеаи бунёдкору созандаи Тоҷикистони азиз бояд ҳиссагузор бошад;

– Тамоми ормон ва нерўи зеҳнии худро бобати суботи доимӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон, роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ сафарбар намоем;

-Нагузорем, ки  наврасону ҷавонони мо дар заминаи пасти маърифати сиёсиву  ҳуқуқӣ  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил гарданд;

-Маърифат-асосӣ болоравии сатҳи зиндагии маънавӣ аст.Тарғиби мафкураи солим ва ғояҳои миллӣ, андешаю арзишҳои умумимиллӣ байни ҳама  қишрҳои ҷомеа зина ба зина бояд тақвият бахшида шавад.

Ба масъалаҳои дар боло зикрёфта набояд сабукандешиву саҳлангорӣ кард. Танҳо ватандўстии комил, уфуқҳои тозаи хиради беинтиҳо, донишу тавоноӣ, фарзанди содиқи меҳан будан моро аз вартаи душвориҳои наҷот ва ҷониби ояндаи дурахшон роҳи мунавваре боз хоҳад кард.

Ёқубова Нигина Ёқубовна
декани факултети иқтисодиёт ва
технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *