Дар қолаби бозиҳои пушти пардагии қудратҳо барномаи ба истилоҳ ТТЭ ҲНИ ҷо гирифтааст ва аз он ҳамеша истифода мешавад. Террористӣ хонадани ҲНИ барои иддае аз кишварҳо ва давлатҳо ба манфиати корашон ва стратегияашон нест, бинобар ин аз қабули он имтиноъ меварзанд. Гузашта аз ин, барои террористи мазҳабӣ миллату халқият бегона аст, танҳо аз идеали худ, ки бар пояи ҷаҳли мураккаби асримиёнагӣ устувор шудааст. Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳои аврупоӣ ва САҲА бо терроризми исломӣ ба он натиҷа расид, ки дар Аврупо амалҳои террористии гурӯҳҳои ифротгаройи исломӣ тез-тез сурат мегиранд ва домани худро густурдатар мекунанд.
Ба даст оварданни сулҳу субот ва оромиву озодӣ барои тоҷикон кори саҳл набуд. Таърих баъди ҳазор соли маҳрумият аз давлатдорӣ дигарбора ба мо имкон дод, ки чун давлати соҳибистиқлол арзи ҳастӣ намоем. Ин сулҳ беҳтарин дастовард ва пурарзиштарин саҳифаи таърихи навини миллати тоҷик, ба даст овардани ризоияти миллӣ мебошад.
Аммо мутаасифона, имрӯзҳо гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки сулҳи тоҷиконро халалдор кардан мехоҳанд. Ташкилот ва ҳараккатҳои тундгаро ба монанди Ҳизби наҳзати Ислом, Анҷумани Озодандешони Тоҷик, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо инчунин Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо бар зидди Тоҷикистон баромад карда истодаанд. 9-уми сентябри соли равон онҳо эътилоферо ба имзо расониданд, ки сулҳу ваҳдатро халалдор менамояд. Барои ваҳдати миллӣ мо ҳамагӣ масъулем ва намегузорем, ки чанде аз созмонҳои бадхоҳ ва афродони манфиатҷӯй онро аз байн барад. Бар муқобили дасисабозиву сохтакориҳои онҳо датаҷамъона мубориза мебарем. Бар он суханоне, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти диктаторӣ амал мекунад ва ё ҳокимияти ҳозира хеле заъиф буда, давлатро ба таназзул бурда истодааст зид ҳастем. Зеро мо пешравию ободии диёрро дида истодаем ва медонем, ки ҳамаи он маҳз бо меҳнатҳои шабонарӯзии мардуми шарифи тоҷик зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Аммо онҳое, ки бо чашми ҳасад менигаранд ин ободиву некӯаҳволиро намебинанд, ҳамеша дар ҷустуҷӯи нуқс ва камбудӣ мебошанд.
Онҳое ки имрӯз эътилофи хешро ба имзо расониданд, агар дар ҳақиқат ватандӯсту меҳанпараст мебуданд, тамоми қувваи хешро барои боз ҳам пешрафтатар шудани Тоҷикистон ва пурзӯртар кардани сулҳу суботи мамлакат равона мекарданд. Зеро “Сулҳе, ки дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастааст, самараи кору пайкор, ранҷу машаққат ва ҷонфишониҳову қаҳрамониҳои ҳазорҳо фарзандони ҷоннисори ватан аст, ки онро аз даруни оташи ҷанг берун оварда, дар оби чашми модарон ва ашки ятимон шустушӯ додаанд. Ин сулҳ қимати ҷони ҳазорон ҷавонони пурармон аздунёрафта ва арзиши бақои умри миллатро дорад. Аз ин рӯ, ҳифзу нигаҳбонӣ аз он кори ҳар шахсест, ки Ватану миллат барояш азизу муқаддас аст.”
Пай дар пай амали нашудани нақша ва барномаҳои наҳзатӣ гувоҳи он аст, ки ТТЭ ҲНИ дар арсаи минтақавӣ обрӯ ва нуфуз надорад ва мардуми тоҷик аз барномаи фиребон огоҳ шуда, аз шахсиятҳои ҲНИ имтиноъ меварзанд. Стратегияи асосии наҳзатӣ-касби қудрат ва барпо намудани салоҳияти исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ дарёфти маблағ, тавсеа додани нуфуз, иғвогарии матбуотӣ ва интернетӣ ногузир сохтани вазъ дар минтақа мебошад.