Мо шоҳиди воқеаҳои дашатноку фоҷеаовар дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки бар асари рақобатҳои шаддид ба мисоли Афғонистон қурбони манфиатҳои геополитикӣ гаштаанд. Яке аз омили ҷангу низоъҳои дар ин ё он давлат рухдода маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва ба вуҷуд оварда шудаанд. Аз ин лиҳоз дар шароити кунунӣ иттилоот ва ҷанги иттилоотӣ хеле маъмул гардида, гурўҳҳои манфиатдор тариқи он ҳадафҳои худро амалӣ мегардонанд. Айни замон олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф моҳияти падидаи мазкурро ба воситаи мафҳумҳои гуногун ифода менамоянд. Аз ҷумла, “кибертерроризм”, “киберэкстремизм”, “терроризми иттилоотӣ”, «терроризми компютерӣ», «терроризми виртуалӣ», «ҳуҷумҳои иттилоотӣ», мисол шуда метавонанд.Воқеан таҳлили адабиёти илмӣ нишон медиҳад, ки кибертерроризм бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии замони муосир бо роҳи таъсиррасонӣ намудан ба шуур ва афкори одамон рафтори онҳоро тағйир медиҳад ва кӯшиш менамояд, ки муносибати байни давлат ва ҷомеаро хароб созад. Киберэкстремистон бошад ба воситаи паҳн намудани иттилооти иғвоангез ва бардурӯғ дар шуури ҷамъиятӣ ҳисси нобовариро ба вуҷуд оварда, пояҳои ҳокимияти давлатиро ноустувор мегардонанд.
Бинобар ин, мубориза бо киберэкстремизм бештар характери иҷтимоию сиёсӣ дошта, ба воситаи тарғиботу ташвиқот, корҳои маърифатию идеологӣ ва аз ҳама муҳим, бо роҳи ба вуҷуд овардани шароити арзандаи кору фаъолият амалӣ карда мешавад.Тавре ки мушоҳида мешавад, имрӯз интернет, асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади чиноятҳои киберӣ, яъне барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона, бахусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон, ба таври васеъ истифода мегарданд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем,ки тибқи иттилои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли гузашта дар кишвар 185 ҷинояти киберӣ ба кайд гирифта шудааст. Асосан, ҷиноятҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар аъзои гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ мебошанд, содир кардаанд. Онҳо тариқи шабакаҳои интернет маълумоти бардурӯғ, ифротӣ ва иғвоангезонаро паҳн карда, мехостанд бо ин роҳ ба амнияти кишвар халал ворид намоянд. Дар ҳамин робита, тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии кишвар 17 ҷинояти киберӣ ва 500 ҷинояти дигар бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ содир шудааст.Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшаваии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.
Ф.Мамадҷонов,
устоди ДИС ДДТТ