КАБИРИЮ ҲАММАСЛАКАШ  МУТААССИБУ БЕХИРАДАНД!

Мо тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки имрӯз раҳбарияту пайравони фирории ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ (ПМ) дар Аврупо паноҳу пуштибонӣ ёфта, истифода аз афзалияти шабакаҳои иҷтимоӣ минбардорӣ карда, бо ин васила нисбати давлату миллати кишвари соҳибистиқлоламон иғвову буҳтонҳо мебофанд.  Баробари ин, бояд қайд кард, ки нақши хоҷагони хориҷӣ то ҳол аз кӯмаку дастгирии идеологӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва ба қудрати молию сиёсӣ расидани ТТЭ ҲНИ-ПМ ба мушоҳида мерасанд. Ин ҳолат далели он аст, ки иддае аз давлатдорони ғарбӣ аз картаи исломи сиёсии минтақавӣ истифода мекунанд, то барномаҳои манофеи сиёсию иқтисодиашонро тадриҷан дар минтақа пиёда созанд. Бинобар ин, ҷойи шубҳа нест, ки ТТЭ ҲНИ-ПМ аз ҷониби тарроҳони бозиҳои сиёсии минтақавию ҷаҳонӣ сармоягузорӣ шуда, ин тарҳи сиёсӣ – мазҳабӣ бо мақсади эҷоди низоъу даргирӣ, ташаннуҷи муноқишоти дохилӣ ва саранҷом ташкили давлати динӣ-теократӣ дар минтақа идома дорад.

Бо таҳлили воқеияти болозикр бо далели амиқ  гуфта метавонем, ки бозиҳои пасипардаги хоинони миллат ва ҳоҷагонапшон  ба  ҳамагон маълум аст. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслаконаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд.

Зимни фарҷоми андешаи хеш гуфтанием, ки  раҳбирияту пайравони ТТЭ ҲНИ дар хотир дошта бошанд, барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои ивазнашавандаанд . Хулоса, ҷавонони даврони соҳибистиқлол  такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати  алайҳи терроризму ифротгароӣ мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат хоҳанд намуд. Ҳамзамон, ҳамеша мо бояд дар хотир дошта бошем, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимӣ мебошад. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.

Ф. ҚУРБОНОВ,

мудири шуъбаи кор бо

 ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *