Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дар хориҷи кишвар барои фаъолияти имрӯзаи ТТЭ ҲНИ ягона роҳ дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки раҳбарияту пайравонаш аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодааст. Амалҳои беватанон, ки онҳоро ба тоҷик гуфтан забон намегардад, аз хориҷи кишвар истода ба халқи худ, миллати худ санги маломат мепартоянд. Вобаста ба ин суол ба миён меояд! Аз рафтору гуфтори беасоси ин бадхоҳони давлату миллат љомеаи љаҳонӣ чӣ мегӯяд?! Ба суоли мазкур посух додан ба ҳар фарди солимақл ягон душворие нест.Яъне ҷавоб ба суол ин аст,ки тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунад!? Ин гуна ҳолат, аз љониби дигар миллатҳои ҷомеаи муосир хело кам ба назар намерасад! Бинобар ин, дар атрофи ин масоил ба хулоса омад қайд кардан зарур аст, ки имрӯз ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ лозим аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо ва умуман ҳамватанонро аз макру ҳила ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ огоҳ созанд. Моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш, бахусус љавонон кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар саҳмгузор бошем ва ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ ва осоиштагии кишвар расем. Ба мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем ва аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Хулоса, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон пешгирӣ намуд. Ҳар таҳдидҳое, ки аз ҷониби бадхоҳони миллат ва умуман гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳол мебояд онро аз фазои иттилоотӣ дур кард. Зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар шароити ниҳоят тезу тунди ҷомеаи байналмилалӣ ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорист. Дар шароити муосир ҳифзи амнияти иттилоотӣ яке аз таркибҳои асоситарини манфиатҳои миллӣ ба шумор рафта, андешидани чораҳо бар зидди таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии кишвар манфиатҳои шахс, миллат,ҷомеа ва давлат низ ҳифз хоҳанд шуд.
Ҷ. ҶӮРАЕВ ,
устоди ДИС ДДТТ