ИҒВОИ НАВБАТИИ КАБИРӢ !

        Вақтҳои охир роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар яке аз кишварҳои Афрупо зиндагии  муҳоҷирӣ дораду аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иљтимоӣ васеъ истифода бурда,тавассути барномаи ифротӣ бо “Паймони миллӣ..” бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад менамояд. Ин барнома аз оғози фаъолияташ бо  найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардуруғ мехоҳад давлату миллати моро ба вартаи нобудӣ барад. Ин навбат Кабирӣ дар барномаи “Гапи Озод”  зимни мусоҳиба бо рӯзноманигор Абдуқодири Абдуқаҳҳор  оид  ба бурду бохти Тоҷикистон  дар соли 2022 сухан намуда, дар ҷараёни суханрониаш бо матлабҳои гуногуни беасос кишвари моро зери танқид қарор дод. Ба раҳбари ТТЭ ҲНИ-ПМ Кабирӣ суол дода мешавад, ки ҳадафи сухани навбатиаш барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик  аст ё дигар масъалаҳо?!  Ба ин суол посух додан душвор нест! Ба андешаи мо Кабирӣ ва умуман пайравони ТТЭ ҲНИ заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифта, ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашро таблиғ карда, бегонапарастӣ мекунад. Дар урфият мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Яъне Кабирӣ яке  аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодааст. Ин афрод бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, сухани беасос мегӯяд. Кас аз суханрониҳои бемантиқу беасоси Кабирӣ  бо осони пай мебарад, ки ӯ дар ҳақиқат ба хотири молу сарват, ақли худро бохтасту бар миллати хеш беасос хиёнат мекунанд ва хулоса ба ғайр аз ин кор дигар коре надорад. Баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки аслу ҳaдaфи раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд,ки aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои ифротгароиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпӯш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳaрaкaт дорaнд.

Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки мо омӯзгорон, умуман ҷомеаи имрӯзаи кишвар, аз кирдорҳои хиёнаткорнаи  роҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ комилан воқиф гардидаанд ва ба ин васила, ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯён -ТТЭ ҲНИ муборизаи беамон мебарем!

Р. АНВАРӢ

ассистенти кафедраи

 молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *