Дар шабакаҳои кушоди иҷтимоии имрўза аъзоёну роҳбари ТТЭ ҲНИ -Паймони миллӣ (ПМ) Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони бехираду бахилонаш баҳонаҷӯи намуда, бо ҳар гуна роҳ номи давлату миллат ва ҳукумати кишварро сиёҳ кардани ҳастанд. Роҳбари ТТЭ ҲНИ-ПМ Кабирӣ бо ҳамон мағзи хушкидаву пуч ва бо ҳамон дидгоҳи тангу иртиҷоиву мутаассибонаи худ чунин вонамуд мекунад, ки гӯё дар пешбурди умури сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ ягон барномае дорад. Бояд ёдовар шуд, ки фаъолияти бисёрсолаи собиқ аъзоёни ҲНИ ба хотири маблағҳои хоҷагони худ онҳо виҷдонро ба тини сиёҳ фурӯхтаанд. Оқибат мақсадҳои аслии худро ошкор намуд, ки он дар шаҳрвандон бедор кардани ҳисси бадбинӣ, кинаву адоват нисбати ҳукумати қонунии Тоҷикистон буд. Касе, ки Ватанро фурӯхтааст, ӯ модарро фурӯхтааст. Илова бар ин бисёр фарзандони бо нанагу номуси миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бадхоҳони миллатанд, онҳо нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар чизе надоранд. Хуллас, мақсади навбатии наҳзатиёни фирорӣ, бахусус Кабирии хоин ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, аст. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Моро имрўз зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои бадхоҳони миллат дода нашавем. Ба мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем ва аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!
Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ