ИЗҲОРОТИ кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ дар ҳошияи амалҳои иғвогаронаи ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо устодони кафедра дар ҳошияи амалҳои ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои  иҷтимоӣ ибрози андеша намуда қайд менамоем, ки айни ҳол Кабирӣ, роҳбари собиқ ҳизби мазкур баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ватан фирор карда, дар кишварҳои бегона дур аз ватан, худро  сафед карданӣ шуда, дар сар нақшаҳои дигари тахрибкорона дорад. Ӯ аз хориҷа тавассути сомонаҳои интернетӣ ҳар қадаре метавонад Тоҷикистонро бадном мекунад, зеро ба ҷуз иғвогарӣ дигар чорае надорад. Да урфият мегӯянд,ки офтобро бо доман пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама хуб медонанд, ки ТТЭ ҲНИ ва пайравону аъзоёни он, зери роҳбарии Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд!

Бояд Кабирӣ ва умуман пайравони ТТЭ ҲНИ донанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанро, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу ваҳдати миллӣ чашидаанд дигар гумроҳ наметавон кард. Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳасти намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаҳои баландпояи ҷаҳони муаррифӣ  менамояд ва Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *