Ҳаргиз аз роҳи бадӣ мақсуди кори худ маҷӯ

Бо мақсади пойдорӣ ва рушду нумӯи давлату миллатамон аз таҳдиду хатарҳои  ҷаҳони муосир, тамоми мардуми меҳнатдӯсту бофарҳанги кишвари азизамонро, ки мақсади ҳамаи онҳо пойдории сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Ватан аст, зарур аст, ки ҷаҳонбинии сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд то ки аз навгониҳои зиёду зуд тағирёбандаи иқтисодиву сиёсии ҷаҳони муосир мунтазам огоҳ гашта, барои ҳимояи манфиатҳои кишвари азизамон доимо омода  бошанд.  Зеро дар шароити пурташаннуҷи иқтисодию сиёсии ҷаҳони имрӯза, ки доимо дар ин ё он гӯшаи сайёра сар истодаасту, дар байни онҳо низоҳои хусусияти динидошта мақоми хосаро соҳиб гашта истотаанд аз мову шумо ҳамватанони азиз ҳисси баланди худогоҳии миллӣ ва масъулиятшиносиро тақозо дорад.

 Зеро имрӯз бархе аз намояндагони ҷилои ватаннамудаи ҳизби мамнӯъи ҲНИ аз хориҷи кишвар истода, мақсади доғдорсозии ҳаёти хушбахтонаю сарҷамонаи  моро доранд. Вале худ бехабар аз онанд, ки халқи шарафманди тоҷик чигуна мақсаду мароми манфур доштани ин ҳизб ва пайравони онро дар солҳои ҷанги мулкии  1992-1997 бо чашми сар дида, онро ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳанд кард  ва ба доми фиребу найранги нави  ҲНИ-иҳо ва гумоштагони онҳо нахоҳанд афтид. Онҳо ба амалҳои зишту қабеҳ даст заданд, ки хоси инсонҳои солимақл нест ва ин амали онҳо  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари иқтисодӣ  ба миқдори  7 млрд. доллари амрикоӣ, аз лиҳози ҷонӣ ба  марги зиёда аз 150 ҳазор аҳолии бегуноҳ боис гашта, дар Ватани азизи азияткашидаамон  25 ҳазор оилаҳо  бесаробон монда, наздик 55 ҳазор кӯдакон ятим монда, 100-ҳо мутахассисони  варзида тарки Тоҷикистон намуданд. Аз ин амалҳои иблисонаи худ пешвоёни  ҲНИ магар хулосае набароварда  бошанд, ки боз мехоҳанд обро лой карда, бо ҳар роҳу восита ба мақоме соҳиб шаванд. Локин бояд зикр намуд, ки ин орзуҳои худро онҳо бо худ ба гӯр хоҳанд бурд! Нисбати ингуна кӯрдилони ба ланъати халқу миллати хеш гирифторшуда Саъдии бузрг гуфтааст:

Мискин харак орзӯи дум кард
Наёфта дум ду гӯш гум кард.

Чӣ тавре, ки дар вақташ Аҳриман баҳри ба мансаб соҳибшавӣ батни модарро дарида  ба дунё омада буд, фунтаменталистони ҲНИ низ пинҳони аз халқу Ҳукумат  ҳанӯз соли 1978 дар совхози “Туркманистон” – и н.Бохтар ба тариқи махфӣ ташкилотеро бо номи  “Бародарони мусулмон” таъсис дода, аз лаҳзаҳои аввал тавассути эълонсозии  “ҷиҳод” якпорчагии Тоҷикистонро вайрон карда  “Ҷумҳурии исломии  Қаротегин”-ро  ташкил  карда буданду то 26 октябри  1991 ба таври ғайрилегалӣ (пинҳонӣ) амал намуда буданд.

 Баъди ошкоро фаъолият  оғоз намуданаш аз соли 1991 то 21 июли 1993 ин ҳизби  ифротӣ ба ягон амали  некхоҳонаю ободкорӣ иқдом накардааст. Бараъкс дар ҳамкорӣ бо созмони  “Лаъли  Бадахшон”, ҳаракати  “Растохез”  ва ҳизби Демократии Тоҷикистон даст ба ҳаракатҳои террористию ғоратгарона зада, гунаҳгори асосии оғози ҷанги бародаркуш гашта  ба халқу  Ватани мо хисоротҳои зиёдеро оварда буд, ки мо дар боло зикрашон намудем.

 Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри ҳамкорию ҳамдигарфаҳмӣ,  Вазорати Адлияи  Ҷ.Т 28 октябри 1999 мутобиқи  моддаи 28- и Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бори дуюм ҲНИ-ро ба таври расмӣ ба қайд гирифта буд. То он вақт роҳбарияти он чун фирорӣ дар ҳудуди Афғонистон амал намуда, дастуру супоришотҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро намуда аз ҷониби онҳо маблағгузорӣ карда мешуд. Баъди ҳуқуқи фаъолияти ошкороро соҳибшавӣ ҳам ин ҳизб орзу ва ё нияти ободкорӣ надоштанашро бо чанд ин амалҳои қонуншиканонааш исбот намуд.

Масалан:

  • Бо роҳбарии собиқ Раиси бахши ҲНИ дар н.Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати Ҷамъияти “Ансоруллоҳ” соли 2010 ба марги 25 нафар хизматчиёни ҳарбии  Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон       сабаб гашта, ӯ ин гурӯҳи ифротиёнро бо моддаҳои тарканда таъмин намуда буд.
  • моҳи июли соли 2012 бошад, ҲНИ-ҳои  Бадахшонӣ дар бетартибиҳои оммавию шаҳри Хоруғ иштирок намуда,  алайҳи намояндагони  давлатӣ муқобилияти мусалаҳона  нишон дода буданд.
  • ҲНИ-и ҳои Исфара ҳамроҳи ташкилоти террористии “Ҳизби  исломии Туркистон” ба куштори кормандони ҳифзи ҳуқуқ даст зада буданд.
  • 11 августи 2015 аъзоёни ҲНИ дар шаҳри Норак парчами ташкилоти террористии “Давлати  исломи”-ро афрохта буданд. Ингуна амалҳои номатлуби пайравони ҲНИ беҳисобанд, вале амалиёти генерал Ҳоҷи Ҳалим Назарзода бо роҳбарию маблағгузории Раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки таърихи 4-16 сентябри 2015 ба вуқӯъ пайваста буд, ошкоро нияти табаддулоти   давлатӣ доштанашонро ифода намуда, ниқоб аз рӯи ҲНИ ро кушод ва чи гуна ҳизб будани онро ба тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳониён нишон дод. Бинобар ин мутобиқи моддаи 4 и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва дархости Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олӣ ба амалиёти ҲНИ нуқта гузошта,  фаъолияти онро чун  ҳизби террористи дар ҳудуди ҶТ манъ намуд. Зеро ин ҳизби ифротӣ ба ғайр аз ниятҳои нопокаш нисбати  Ҳукумати Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик боз, ба паҳн намудани адабиётҳои мамнӯъ ва ташвиқу тарғиби гумоштагонаш, мехоҳад мафкураи мардуми моро  хусусан ҷавононро олуда сохта, ба ниятҳои нопоки худ расад. Ҳол он ки шоир гуфтааст:

             Ҳаргиз аз роҳи бадӣ мақсуди кори худ маҷӯ,

            Як бадӣ хоҳи ба кас, даҳчанд баргардад ба ту!

Бобоев Абдукарим,
сармуаллими кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *