КАБИРӢ МЕХОҲАД ДАР ҶОМЕА ДУБОРА АДОВАТ ВА НИЗОВУ БАДБИНИРО БАВУҶУД ОВАРАД!

Мусаллам аст, ки миллати тоҷик дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зимни муборизаи сиёсии худ, ҳадди ақал баъд аз имзои созишномаи сулҳ, тамоми талоши худро кард, ки миллат бори дигар ба силоҳ барнагардад; муборизаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби қонун ва роҳҳои мусолиматомез идома пайдо кунад. Аммо то ҳол бархе афрод ба худ хулосае набароварда ба хотири манфиатҳои шахси мехоҳанд оромии кишварро халалдор намоянд. Масалан Муҳиддин Кабирӣ бо тағйир додани номи ТЭТ ҲНИ ба “Паймони миллӣ” бо ҳар роҳ дар фикри табаддулот кардан дар Тоҷикистонро ҳаракат мекунад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисолҳо оварда будем ва боз меорем, ки санаи 9-уми майи соли равон дар шабакаи иҷтимоӣ зимни муҳосиба бо рӯзноманигори радиои Озодӣ вобаста ба “ҷиноҳи низомӣ” баёнияи баҳсбарангезашро шарҳ дода, иброз намуд: “то чанд сол пеш истифодаи қувва ва силоҳ аз ҷониби аксарияти нерӯҳои сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИ, дар Тоҷикистон рад мешуд, вале баъд аз ҳодисаҳои Украина ҷаҳон тағйир кард…”. Ин иқтибос маънои онро дорад, ки Муҳиддин Кабирӣ қазияи Украинаро мисол оварда, бо ин васила рӯи рост бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ мардуми тоҷикро барои мубориза бурдан бо истифода аз силоҳ даъват менамояд. Бояд ёдовар шуд, ки солҳои 90-уми асри гузашта ин амалро собиқ аъзоёни ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ анҷом дода, кишвари азизамонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд. Инчунин зимни суҳбат Муҳиддин Кабирӣ дар радиои Озодӣ баёнияи баҳсбарангезашро шарҳ дода гуфтааст: “Манзури мо ин аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ин солҳо муборизаи сиёсии худ, ҳадди ақал баъд аз имзои созишномаи сулҳ, тамоми талоши худро кард, ки миллат бори дигар ба силоҳ барнагардад; муборизаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби қонун ва роҳҳои мусолиматомез идома пайдо кунад.. Ман фикр мекунам, тарафдорони мо зери фишор қарор нагирад, пас, ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик ба озодӣ нахоҳад расид…”
Аз ин баёнияи Кабирӣ бармеояд, ки минбаъд аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз силоҳ барои ғасби ҳокимияти қонуни истифода хоҳанд бурд. Таърих гувоҳ аст, ки роҳбару пайравони ТТЭ ҲНИ дар ягон ҳолат барои ғасби ҳокимият аз яроқ даст накашида буданд ва ҳоло низ ақидаашон дигар нашудааст. Мо шоҳиди он шудем, ки Кабирӣ мақсади ташкили гурӯҳи “ҷиноҳи низомӣ”-ро дорад ва бо ин роҳ мехоҳад оромии кишварро халалдор намоянд. Бо ибораи дигар бо таъсиси “ҷиноҳ” ва ё “блоки низомӣ” Кабирӣ мехоҳад дубора дар ҷомеа адоват ва низову бадбиниро бавуҷуд оварад. Хулоса воқеан ҲНИ ташкилоти террористӣ буда, аз ташкилотҳои ДИИШ ва Ал-Қоида ягон фарқияте надорад, ки ба ин таърих гувоҳ аст.
Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *