Дар ҷомеаи имрӯза, дар тасаввури бархе шахсиятҳо ва ҳизбҳо ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой дорад. Ин гуна шахсиятҳое, ки саводи дурусти дини надоранд ва ба доми ҲНИ афтода, ниҳоят ба фиребу найранги раҳбарияту аъзоёни ҲНИ, ки мо онро чун ТТЭ мешиносем, дода шуда, оқибат аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум мегарданд.
Суол ба миён меояд! Чаро мо, маҳз номи ТТЭ ҲНИ-ро мисол овардем?! Ба ин суол посух медиҳем, ки вақт довар аст ва таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта, бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ва маҳз ба давлатҳои бо ном Исломӣ, ҳадафҳои ниҳоиашонро роҳандозиву амалӣ менамоянд. Ин падидаро Муҳиддини Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар ҷаҳони Ислом ташаккули худшиносии динии халқҳои мусулмон маънидод мекунанд, аммо ин аз воқеъият хело дур аст. Аслан ин ҳизб барои дини мубини Ислом бегона аст. Мақсади асосии ТТЭ ҲНИ дини Исломро истифода бурда, имрӯзҳо рафтору гуфтораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ фақат иғвогарӣ, тафриқаандозӣ байни мардум мебошад.Оқибат онҳо имруз мардуди ватан гардида, бо пуштибонии хоҷагони худ дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, барои амали намудани нақшаҳои муѓризонаи худ, то ҳоло даст накашидаанд.
Хоинони миллат имрӯз бо номи “Паймони миллӣ”бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ намоён мешаванд ва аслан ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад, ки пӯсташро иваз намудааст.
Бояд қайд кард, ки имрӯз раҳбари ТТЭ ҲНИ-ПМ Кабирӣ зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, мехоҳад боз ба майдони сиёсӣ ворид шуда, кинаву адоват коштан кӯшиш дорад. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки ҳафтаи охири мохи сентябри соли ҷорӣ Кабирӣ дар ҷаласаи “Анҷумани озодандешон” оид ба ҳодисаҳои солҳҳои охир дар Бадахшон баромад намуда, қайд намудааст, ки санаи 5-уми октябр дар ҳошияи ҷаласаҳои ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба қазияи Бадахшон, ҳабсу фирори рӯзноманигор баромад мекунад. Бо ин бозии навбатӣ Кабирӣ барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, кӯшиш дорад. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Хулоса, мақсади навбатии наҳзатиёни фирорӣ, бахусус Кабирии хоин ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, аст. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Моро имрӯз зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои душманони миллат дода нашавем. Ба мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем ва аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандили кишвар!
Д.ШАРИПОВ ,
сармуаллими кафедраи
ҳуқуқшиносӣ