Наҳзатиҳо ба мақсад нарасиданд

 

Дар ҳар давру замон ашхосе пайдо мешаванд, ки ба тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот дар кишвар бо чашми бадбинона нигоҳ карда ба он монеагӣ эҷод мекунанд. Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Гурўҳҳои махсусе таҳти кўшиши хадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшўӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ  ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд. Баъди гузаронидани мағзшўии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ роҳнамун месозанд ва ин манқурдҳои ақлбохта бо боварию итминони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлиашон даҳҳо нафар бегуноҳонро ба коми марг  мефиристанд.

Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки мисли «лавҳи сафед» тозаю покиза аст, ифроту ҳурофот пур карда мешавад ва азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон шефтаи ақидаи бебунёд мешаванд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон, мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофот ва мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ аз пайравони гурўҳҳои террористӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо бо ин амали нангини фарзандашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзанди онҳо ҳам ба Ватан –модар ва ҳам мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тўли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад». Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурўҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар ма ксадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст.  Яъне ў бевосита дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душман ба миллати худ қарор мегирад.  Ҳамин тавр, ў бо тамоми маънояш хоини Ватан мешавад!

Омилҳое, ки ҷавонони тоҷикро тўъмаи гурўҳҳои  ифротию тундгарои исломӣ мегардонад, ин дур будани ҷавонон аз маърифати исломӣ, суннатӣ, инчунин таблиғоти шадиди гурўҳҳои ифротӣ тавассути васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетист, ки ин таблиғот ба муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст.

Мутаассифона аксари ҷавононе, ки бо гурўҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайвайнданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд ва ин гурўҳҳо бо истифода аз бесаводию  тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегарданд.

Яке аз чунин созмонҳои ифротгароӣ ин ТТЭ ҲНИ маҳсуб меёбад. ташкилоти нахустини Ҳизби наҳзати исломии тоҷикистон ҳанўз соли 1978 ташкил  ёфта ба таври пинҳонӣ амал мекард. Симои ҳақиқии ТТЭ ҲНИ – ро собиқ муассис ва узви фаъоли он Мулло Абдураҳим Каримов чунин баён намудааст: Аслан ҳизб барои ислом бегона аст. Бунёд кардани Ҳизби  исломӣ дар Тоҷикистон, ки қариб сад дар сади  сокинони он мусулмон ҳастанд, худ тафриқа андохтан миёни мардуми мусулмони кишварамон мебошад. Маълум гашт, ки мақсади асосии ҳизб бо роҳи зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 29 – сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ), террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ намудааст.

Вазифаи асосии мо омўзгорон ин ба ҷавонон, ки дар замони муосир чун қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд, баҳри васеъшавии ҷаҳонбинии онҳо мусоидат намоем ва дар тарбияи донишҷўён дар рўҳияи ватандўстию ифтихори миллӣ  тарбия намоем.

ассистенти кафедраи баҳисобгирии

 бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Холиқова Н.А.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *