Таҳкурсии таҳсоси хуби Ҳизби наҳзати Исломӣ ҳанӯз 1978 дар сарҳади “Туркманистон” ноҳияи Бохтар аз ҷониби созмони махфии “Бародарони мусулмон” гузошта шуда буд. 26 октябри соли 1991. анҷумани муассисони ин ҳизб баргузор гардида, фаъолияти ин ҳизбро ошкорро соли 1991- 1993 ба роҳ монд, ки он фаъолияти терористӣ мебурд. Роҳбарияти ин клуб 14.02.1993. домулло Саъдиддин С.Т. Рустамовро роҳбари Шӯрои инқилобии исломии Ғарм таин намуданду ӯ бо ҳамроҳии Р.Содиров ва Н. Хоҷаев декабри 1992 аҳолиро ба ҷиҳод баҳри сарнагунсозии ҳокимияти канститутсионӣ ва барпосозии Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон даъват намуданд. Моҳи июли 1993 суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қарори ҳизби демократии Тоҷикистон, “ Ростохез”, созмони “Лаъли Бадахшон” фаъолияти ҲНИ –ро ки ба ҷанги бародаркуш замина гузошта буд, аз фаъолият бардошт. Роҳбарони он ба Афғонистон фирор намуда июни 1993 Иттиҳоди ташкил намуданд, ки ба он ҲНИ ба ҳизби демократии Тоҷикистон аъзо буданд. Танҳо баъди Ваҳдати миллӣ 28.10.1999. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти нави ҲНИ иҷозат дод. Вале ин ҳизб бо ҳар роҳу восита иғвогариҳо фитнаангезӣ, гумроҳсозии аҳолиро оғоз намуда даст ба тероризм зада алайҳи ҳокимияти конститутсионӣ душманонои рафторсозиро оғоз намуд. Дар натиҷа 45 нафар аъзоёни ин ҳизб барои ҷиноятҳои вазнин ва 17 нафари дигар барои ҷиноятҳои ифротгарои ва терористи ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ки яке аз ҷиноятҳои онҳо бо роҳбарии Давлатов Аловуддин ( Алии Бедакӣ) ва Раҳимов Абдулло (Мулло Абдулло) боиси марги 25 нафар хизматчиёни ҳарбӣ дар водии Рашт гашта буд. Ин гуна ҳодисаҳо дар Хоруғ, Исфара боиси марги чандин кормандони ҳифзи ҳуқуқ гашта буд. Амали ноҷавонмардонаи генерал Назарзода Абдуҳалим (Ҳоҷи Ҳалим) ва роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки 4-16 сентябри 2015 тавассути терор сарнагунсозии ҳокимиятро доштанду зиёда аз 20 гурӯҳҳои 15-30 нафариро ташкил дода буданд, косаи сабри мардумро лабрез сохту бо талаби прокурори генерали Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИ-ро чун ҳизби экстремистию терористӣ 2910.2015. қатъ намуда рӯзномаи он “Наҷот ва соманаи интернетии ҲНИ-ро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намуд.
Аз гуфтаҳои раиси собиқи ҲНИ Ҳимматзода ва аъзои фаъоли он Мулло Абдураҳим Каримов бар меояд, ки ин ҳизб бо маблағи хоҷагони хориҷиашон ба монанди Шайх Ҳасани Банно, Саид Қутб, Муҳаммад Қутб, Саид Ҳавво, Абдуллои Мавдудӣ ва чанде дигарон нақшаи сарнагунсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд.
Гар чанде аз 29.09.2015. сол фаъолияти ин ҳизби бадхоҳи миллӣ манъ карда шуда бошад ҳам вале намояндагони саргурези он аз хориҷи кишвар истода боз мехоҳанд, ки ҳаёти осоиштаи ҳалокат андозанд. Барои ба ин мақсади манфури худ ноил гаштани онҳо бо бадномкуни сиёсати давлатии мо даст зада, таъинотҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро намуда бехабар аз онанд, ки онҳо ба ланъати халқу миллат гирифторанд!
Имрӯз дар хориҷи кишвар дур аз Ватану миллат ба сари халқи худ ҳукумати конститутсионии он борони тӯҳматро рехта фикр намесозед, ки фарзандони шири софу поки модари тоҷикро чашида ба камол расидагонро роҳ гум зада, бо ваъдаҳои хушку холии худ он бегуноҳонро ба вартаи ҳалокат равона сохта истодаед! Охир модарон ба сад умеду орзу фарзанд ба воя мерасонанд, ки онҳо бо халқу Ватани худ хизмат намуда, дар айёми пири асои дасти онҳо шаванд. Шумо бефарҳангон баҳри як луқмаи ночизи хоҷагони хориҷии худ ва орзӯи курсию мансаб, ки ба он ноарзанда ҳастед, ба рехтани ашки ҳасрати онҳо сабаб гашта магар тарс аз дуои бади онҳоро надоред. Охир бузургон гуфтаанд:
Ҳарчиз аз роҳи бадӣ маҷсуди кори худ маҷӯ,
Як бадӣ хоҳи ба кас даҳчанд баргардад ба ту !
Муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ,
аълочии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Абдукарим