Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби Додгоҳи олии кишвар созмони террористӣ эълон гардида, фаъолияти он дар қаламрави ҶТ манъ шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоии ба монанди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва ғайра дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Тамоми ҷараёнҳои номбурда дар фаъолияти худ аз чорабиниҳои радикалӣ истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, онҳоро ҷараёнҳои террористӣ, радикалӣ ё экстремистӣ – радикалӣ ё ифротгароӣ-радикалӣ меноманд. Созмону ҳаракатҳои радикалии террористӣ – экстремистӣ ба монанди “Ҷабҳат-ун-нусра”, «Давлати Исломӣ», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгреси халқии Курд», «Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «Толибон» ва ғайра имрӯз ба пиёдакунандаи манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Миёна, табдил ёфтаанд. Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлатҳои Сурия, Лубнон, Ироқу Афғонистон, Туркия, Сомалӣ, Нигерия, Яман, Миср ва ғайра сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот – ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳо аз зӯроварию ваҳшоният даст намекашанд. Неруи асосии ҷангандаи онҳоро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон ба сабаби як силсила омилҳо чунин гурӯҳи иҷтимоие мебошанд, ки дар баробари ғояҳо ва рӯҳияи ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ таъсирпазир ва ҳассос ҳастанд. Таҳти таъсири ақидаҳои тундгаро ҷавонҳо ба гурӯҳҳои мазкур шомил гардида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат кардани инсонҳо тайёранд. Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлатҳои Сурия, Лубнон, Ироқу Афғонистон, Туркия, Сомалӣ, Нигерия, Яман, Миср ва ғайра сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот – ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳо аз зӯроварию ваҳшоният даст намекашанд. Неруи асосии ҷангандаи онҳоро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон ба сабаби як силсила омилҳо чунин гурӯҳи иҷтимоие мебошанд, ки дар баробари ғояҳо ва рӯҳияи ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ таъсирпазир ва ҳассос ҳастанд. Таҳти таъсири ақидаҳои тундгаро ҷавонҳо ба гурӯҳҳои мазкур шомил гардида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат кардани инсонҳо тай-ёранд. Ҳизби наҳзати исломӣ бо иддаои доштани 45 ҳазор аъзо дувумин ҳизби бузурги кишвар баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба шумор мерафт ва баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳодияи мухолифони пешин дар соли 1997, расман фаъолияташро дубора оғоз бахшида буд. Додгоҳ дар оғози ҷанги шаҳрвандии 1992-97, низ фаъолияти ин ҳизбро мамӯъ карда буд.
Зимнан, раҳбарияти ТТЭ ҲНИ тамоми ин иттиҳомотро рад ва ин ҳамаро баҳонаи баста шудани ҳизб арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ кишвар ба сар мебарад ва 13 аъзои Раёсати олии ҲНИ бо иттиҳоми даст доштан дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи генерал Назарзода дастгир гардидаанд.
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, собиқ ҳизби назҳати исломии Точикистон, ҳозира ТТЭ ҲНИ дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис дода шуда буд. Созмони экстремистии «Ихвон-ал-муслимин», яъне бародарони мусулмон ба таври махфиёна амал мекард. Мақсади асосии ин созмон барпо намудани давлати Халифат дар Тоҷикистон буд.
Боиси шукр ва хушнудист, ки оид ба марому мақсади ҲНИ ба мо тоҷикон сари вақт маълум гашт. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони барӯманди миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Аз 26 октябри соли 1991 Анҷумани муассисони ҳизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солхои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористии худро мебурд. Ҳизби мазкур баъд аз шикаст хӯрдан дар шахри Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод мохи декабри соли 1992-1993 ба ноҳияҳои минтақаҳои Ғарм ҷойгир шуданд. Дар ин минтақа мардумро бо рохи зӯровари ба худ ҷалб мекарданд. Гӯё ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ мекарданд. Дар ин минтақа 14 феврали соли 1993 яке аз муболиғони низомии исломӣ домулло Саъдидин С.Т. Рустамовро роҳбари созмони навтаъсиси Шӯрои инқилобии исломии нохиявии Ғарм таъин намуданд. Роҳбарони ин гуруҳ онҳоро ба ҷиҳод-ба муқобили Ҳокимияти қонунӣ даъват намуданд.
Дар матбуот ва масчидхо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Точикистон даъват менамуданд. Ин ҳизби террористӣ бисёр ҷиноятҳои вазнинро содир намуд. Роҳбарони созмони ин ҳизб, яъне ҲНИ оқибат шикасти сахт хӯрда, ба Афғонистон фирор карданд. Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба хайати он намояндагони ҲНИ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ҲНИ дар Афғонистон амал намуданд. Дар муддати ин солхо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд. Лекин бо ташаббуси марзбонони Ватани азизамон онҳоро нагузошт то ба мақсади нопоки худ бирасанд.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Раиси собиқи ҲНИ М. Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намудааст: «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ барои иҷрои вазифаҳо дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шудааст». Инчунин донишҷӯёни хоричӣ кӯмак мекарданд. ҲНИ симои худашро тавассути узви фаъоли он Мулло – Абдураҳим Каримов ошкор гардонида буд. Яъне ҲНИ аз фаъолияти пинҳони ба фаъолияти ошкоро гузашт. Мутаассифона бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИ, аз ҷумла дар бораи барномаи сиёсии пинҳонии ҲНИ огаҳи надоштанд. Аслан ҳизб барои Ислом бегона аст. Бунёди кардани ҳизби исломӣ, ки 99 фисади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, худ тафриқа андохтан миёни мардум мебошад. Тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҲНИ-ро қабул надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобӣ донистанд. Фаъолияташро номаъкул ҳисобиданд. Аммо ҲНИ ба иродаи мардуми мусулмон ва руҳониёни мазҳаби нигоҳ намекард. Бо кӯмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. Боз маротибаи дуюм хамчун ҳизби сиёсӣ ба кайд гирифта шудани ҲНИ аъзоёни он бисёр ҷиноятҳо содир намуданд, ба амалҳои террористӣ даст мезаданд.
Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутоиқи моддаи 4-и Конуни ЧТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онхо ба терроризм, зӯроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгароӣ ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.
Роҳбари ҲНИ ҳоло дар хориҷи кишвар мебошад. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ханафи, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс ҳамаи корхояшон мухолифи фармудахои китоби муқаддаси мусалмонон «Қуръон» аст. Намоз хондан нахондан мухим нест, мухим он аст, ки аъзои ҳизб бошӣ шуд. Дар интихоботҳо номи Исломро хат назанед, ки кофир хоҳед шуд. Аз ин маълум мегардад, ки мақсад якто-мукобили Ҳукумати қонунии ҶТ.
29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи Прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористї ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо бархам дода шуд. То имрўз руҳониёни исломии асил ҲНИ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.
Ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ
Отаҷонова Фарангис Ғайбуллоҷоновна