ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ –ОFОЗИ ПАЙДОИШИ ИФРОТКОРӢ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Мардуми кишвари соҳибистиқлоли мо чӣ будани ифротгароӣ, ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, мансабталошӣ ва худотарошии «пирон» ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бехабарона нӯш кардаанд.

Насли миёнсол ва солманд хуб дар хотир доранд, роҳбарони ҲНИ  ва фурсатталобони давр тариқи дастгоҳҳои иттилоотии замон моҳҳои май-ноябри соли 1992 таблиғу ташвиқи саросарии ҷиҳод ба муқобили куффорро, ки таҳти ин мафҳум ҳамватанони мусалмони мухолифи режими исломӣ дар Тоҷикистон фаҳмида мешуд, роҳандозӣ намуданд. Табақабандии иҷбории мардуми шаҳру музофотҳои ҷумҳурӣ ба муъмину кофар системаи давлатдорӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеаи тоҷикро дар он солҳо шикаст ва бадгумонии динӣ-мазҳабиро байни қавму миллатҳо ба вуҷуд овард, ки ин оғози пайдоиши ифроткорӣ ва терроризм дар Тоҷикистон буд.

Воқеан бо «саъю талош»-и ҲНИ ва  муштариёни он то имрӯз дар зеҳни мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва дар саҳифаҳои таърихи миллат ва Ватани азизи мо чун паёмади шуми ибтикороти муғризонаи пирони маънавию сиёсии собиқ ҲНИ сабт гардидааст.

Вақт довар аст, ки ҷиноятҳои ин ҳизб ошкору аён шуда истодааст.Чунончӣ,  дар филими  мустанад бо номи «Хиёнат», ки моҳҳои июл ва август тариқи барномаҳои телевизионии Тоҷикистон намоиш дода шуд,  бори дигар амалҳои террористии содирнамудаи сарони ҲНИ-ро ошкор ва  тасдиқ намуда, ҳадафҳои ғаразноки назҳатиён дар назди мардум боз фошу аёнтар шуд. Созмондиҳандаи асосии ҳодисаи нангин асосан М. Кабирӣ мебошад, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид ва  имрӯз ӯ озодона дар Аврупо ба умр сар мебарад. Нашармида бо дурӯғу дасиса худро мазлум нишон дода, мехоҳад дар Аврупо, ки доим аз адолату инсоният кор мегиранд, паноҳ барад ва беҷазо монад.

Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор М.Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Мо мутмаинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.

 

  Ҷӯраева С. С.-муаллимаи  калони кафедраи

  тиҷорат ва ҳуқуқ и ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *