Мо кормангдони шуъба оид ба намоиши қисмҳои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки тариқи телевизиони маҳаллӣ пахш шуда буданд, тамошо намуда, нисбати суханронӣ-иқроршавии яке муассисони ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ҲНИ Сатторов Аёмиддин Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев ва додарарӯси М.Кабирӣ, ронадааш Ҳикматулло Сайфов доир ба паҳлӯҳои фаъолияти таҳрибкоронаи ТТЭ ҲНИ маълумоти иловагӣ пайдо намудем. Дар рафти намоиши филми ҳуҷҷатӣ мушоҳида карда, ба хулосае баровардан мумкин аст, ки бе ягон фишороварӣ шахсони дар боло зикршуда нисбати М.Кабирӣ-роҳбари ҲНИ сухан карда, зери эроди ҷиддӣ қарор доданд.Бояд ёдовар шуд,ки солҳои қаблӣ дар филми мустанад бо номи “Бозгашт аз ҷаҳанам” низ собиқ аъзои ҲНИ Сатторов Аёмиддин бо гуноҳҳои содиркардааш сахт пушаймон шуда буд. Хулоса, баъд аз тамошои филмҳои зикршуда ҷиноятҳои содиркардаи собиқ аъзоёни ҲНИ бори дигар тасдиқ шуд. Бо баробари ин маълум шуд, ки ҳизби таҳрибкор ба сафи худ аксарияти ҷавонони зудбовар, дорои усулҳои заифи ахлоқӣ ва ақидавӣ доштаро, ки ба таври сода ақидаҳои ифротгарио қабул менамоянд, ҷалб намуда, дар урдугоҳҳои Мозандарон ва Ароқу Бумеҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон машқҳои “ҷангӣ” ташкил ва гузаронида шудаанд. Бо назардошти вазъияти ба амаломада зарур бояд шуморид, ки мибаъд ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”дар ҳамбастагию иртибот бо муассисаи таълимӣ ва аҳли ҷомеа падару модарон рисолати хешро дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд сарбаландона иҷро намуда, наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду тараққии кишвар саҳми созандаи худро гузоранд. Кайд кардан бамаврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва арҷгузории фарзандон ба заҳматҳои шабонарӯзии волидон пайваста андешаҳои ҷолибу омӯзанда баён менамояд. Аз ин рӯ, баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат доир ба масоили тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯсӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир падару модаронро мебояд, ки аз гузашта бештар ва аз имрӯза хубтар бо руҳияи баланду болида дар самти тарбияи фарзанди хеш бо ифтихору қадрдонӣ кӯшишу ғайрат намуда, тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан талаботи давру замон аст.