Таъсиси ҳизби наҳзати исломро руҳониёни машҳур қабул надоштанд…

Ташкилотҳои террористӣ ва экстримистии ҷаҳони имрўза бо ҳар баҳона мехоҳанд, мақсадҳои нопоки худро дар баъзе кишварҳои исломӣ амалӣ созанд. Тавассути интернет ва сомонаҳои таъсис додаи худ адабиётҳои моҳиятан мазмуни иғвоангези доштаро нашр намуда, дар кишварҳои гуногун паҳн менамоянд.

 Дар баромадҳои раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суханронӣ оид ба пайдоиши ташкилоти террористӣ – экстримистии ҳизби наҳзат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл карда, зикр намудааст ки тамоми руҳониёни машҳури тоҷик ҳамон солҳо таъсиси ҳизби назҳати исломиро қабул надоштаанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи аҳли ташайюъ дониста, фаъолияташро зараровар, ғайри қобили қабул ва муқобил ба суботу оромии мамлакат ҳисобида будаанд. Аммо роҳбарони наҳзат иродаи мардуми мусулмон ва руҳониёни мазҳабиро сарфи назар карда, тавасути таблиғоти идеологӣ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ ҷаласаи худро баргузор карда, ба ҳаёти сиёсии мамлакат ворид шудаанд ва дар муддати кўтоҳтарин оташи ҷанги шаҳрвандиро афрўхтанд.

Ҷанге, ки панҷ сол давом кард, боиси кушта шудани даҳҳо ҳазор сокинони осоишта, гуреза шудани садҳо ҳазор аҳолии мамлакат, харобу валангор шудани шаҳру деҳоти Тоҷикистон гашт. Ба хотири расидан ба сулҳ роҳбарияти олии мамлакат ба фаъолияти осоиштаи ҳизби наҳзат розигӣ доданд. Аммо наҳзатчиён аз содир кардани ҷиноятҳои сангини террористӣ даст накашидаанд. Бо супориш ва маблағгузории роҳбари фирории ташкилоти террористӣ – эстремистии наҳзати исломӣ 4 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои фаъол ва роҳбарикунандаи ҳизби мазкур кўшиши табаддулоти ҳарби сурат гирифт. Дар натиҷа ҷавонони бо нангу номус ва мусулмони тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худро доштаанд, аз силоҳи террористони наҳзатӣ кушта шудаанд. Ҷумҳуриҳои бародари низ чунин табаддулоти давлатиро аз сар гузаронидаанд. Моҳи ноябри соли 2011 аз ҷониби намояндагони гурўҳҳои террорист дар шаҳри Тирози вилояти Ҷамбули Қазоқистон, амалиёти террористӣ ба вуқўъ пайваст, ки дар натиҷа, боиси фавти одамони бегуноҳ гардид. Рўзи 19 июли 2012 дар Тотористон роҳбари Донишкадаи исломӣ Валиуллоҳ Якубов дар назди хонааш ба қатл расонида шуд. Инчунин, 15 июли соли 2016 дар Ҷумҳурии Туркия табаддулоти давлатиро аз сар гузаронид ва шоҳиди кушта шудани садҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ шудаанд ва ғайраҳо. Аз ин бар меояд, ки ҳамаи ташкилотҳои террористӣ аз усули умумӣ – зўроварӣ ва истифодаи силоҳу террор истифода мебаранд ва фарқи зиёд байни онҳо дида намешавад. Бинобар ин зарурати муборизаи муштарак ба муқобили онҳо пеш омадааст.

 Темирова Мушаррафахон,
омўзгори калони
кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ
ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *