Ҳизби наҳзати ислом – ба озодӣ ва демократия мухолиф аст.

Эҳёи давлатдории миллӣ ва Истиқлолияти кишвар муҳимтарин дастоварди тоҷикон дар тӯли ҳазор соли охир аст ва ҳимояву таҳким бахшидани он қарзи имониву виҷдонии ҳар инсони миллатдӯсту ватанпарвар ба шумор меравад. Имрӯз мардуми саодатманд ва шарафманди диёрамон дар фазои тинҷ ва осудагӣ ҳаёт ба сар бурда истодааст, ки ин неъмати бебаҳоро қадр намуда шукронаи давлат кунем. Вале қисме аз душманони дохилии давлат хусусан пасмондаҳои Ҳизби назҳати ислом ва дигар ҳаракатҳои террористӣ чунин  давлатдориро намехоҳанд ва  бо ҳар роҳ, бо як чизи ноарзанда сохти давлатамонро сиёҳ менамоянд, иғво меангезанд, ҳатто аз зери нохун чирк  мекобанд.

Воқеан давлати мо адолатпарвар аст. Ягона давлатест, ки гуноҳи шаҳрвандонашро авф ё мебахшад. Террорист ва экстримисти ягон давлати ҷаҳон шаҳрвандашро авф ва ё ба дохили кишвараш иҷозат надодааст.

Ба хотир меорем вақте террористи №1  Усома бинни Лодан аз тарафи ҳукумати ИМА кушта шуд, ҷасади ӯро  ба наздиконаш ва кишвараш насупориданд, хатто дар зери замин гӯронидани ӯро роҳ надоданд. Ҷасати ӯро сӯзонида хокистарашро ба Баҳри Сурх пошиданд, ки аз ӯ ному нишон боқӣ намонд. Чунин аст муносибати дигар давлатҳо бо террористон. Лекин роҳбарияти кишвари мо боз ҳам аз рӯи усулҳои инсонпарварӣ, инсондӯстӣ ва фарҳангу расму оинҳои миллӣ рафтор карда, ба ин масъала истисно менамояд. Бояд қайд намуд, ки ифродгарони ҲНИ чунин иқдоми адолатонаи кишварро дидаву дониста иғвоҳои гуногунро дар байни аҳолии мамлакат паҳн менамояд.

Бояд ёдовар шуд,ки бо мақсади қатъ кардани хунрезӣ ва ба охир расонидани ҷанги шаҳрвандӣ ҳукумати кишварро зарур омад, ки соли 1997 бо гурӯҳи мазкур созишномаи сулҳро ба имзо расонад, ки соли ҷорӣ 22-умин солгарди Вахдати миллиро ҷашн гирифтем. Бо баробари ин, қайд кардан лозим аст, ки баъдан барои нигоҳ доштани сулҳ ба шахсони алоҳидаи гурӯҳ мақомҳои баланди давлатӣ дода шуда буд ва аксарияти онҳо аз ӯҳдаи идоракунӣ баромада натавонистанд. Яке аз аъзои ин ташкилоти ифротӣ ба ҳамаи ин имкониятҳо қаноат накарда моҳи сентябри 2015 бо роҳбари муовини аввали Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо кӯшиши табаддулоти низомӣ дар кишвари мо сар заданд. Дар ин амалҳои террористӣ ташкилкунандаи он Абдуҳалими Назарзода кушта шуд ва ҷасади онро ба атрофиёнаш доданд ва дар қабристони маҳалли зиндагониаш дафн карданд. Илова бар ин бояд қайд намуд, ки як гурӯҳ террористони мамлакатамон, ки аз давлатҳои Шому Ироқ дар амалиётҳои террористӣ иштирок доштанд ба ватанамон баргардониданд. Танҳо мамлакати мо иҷозат дод, баргардонанд ва бо вучуди ин онҳо 7-уми ноябри соли равон дар махбасхона ошӯб бардошта, мамлакатмонро нотинҷ кардаанд ,ки дар натиҷа сабабгори куштори 25 нафар, аз он ҷумла 2- нафар корманди маҳасбхона шуданд. Агар дар ин ҷой ҳушёрӣ ва зиракии кормандони мақомоти қудратӣ намешуд ин табадуллот ба фоҷиаи калон табдил меёфт.

Бояд ёдовар шуд, ки воқеан ақидаҳои аъзо ва роҳбарони ТТЭ ҲНИ , ки афроди манфиатҷӯ ҳастанд, дар хакикат барои онҳо ақида ва ҳисси миллӣ умуман вуҷуд надорад, зеро роҳбари созмони ҳизби назҳат вақте ба назди салафиҳо меравад худро тарафдори ақидаҳои онҳо мекунад, вақте ба назди аҳли ташаййуъ меравад, албатта шиа мешавад,Ин аст симои аслии рохбари ХНИ-М.Кабирӣ.

Хулоса сулҳу суботе, ки дар Тоҷикистони гул гул шукуфон мебошад, ҳизбҳои ѓайриќонунӣ ва хоинони давлат ба мисли Муҳиддин Кабирӣ нобуд сохта наметавонанд. Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Ҷаноби Олиро ҳамаи мардуми тоҷик ҷонибдорӣ намуда, ҳамчун роҳнамо дар пешрафти зиндагии худ истифода менамоянд.

                                                                   Муаллими калони кафедраи

                                                                   молия ва қарзи ДИС ДДТТ

  Самиҷонов О.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *