АМАЛҲОИ НОМАТЛУБИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ ДАР ШАРОИТИ ИМРЎЗА

Мафҳуми терроризм ва экстремизм бо мафҳумҳои зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон ҳаммаъно буда, хислати фаромиллӣ ва хатари умумиҷаҳонӣ дорад.

Солҳои охир ҷуғрофияи амалҳои бераҳмонаи террористӣ ва экстремистӣ торафт васеъ гашта, дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳоро ба вуљуд оварда, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазодро васеъ мегардонад. Азбаски зуҳуроти терроризм на балки дар доираи як мамлакат, инчунин дар доираи суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд пайдо кардааст, аз ҳамин лиҳоз баҳри кам кардани хавфи амалҳои бераҳмона, ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои дар як ҳамоиш ширкаткунанда бештар изҳори нигаронӣ мекунанд. Сарфи назар тадбирҳои гуногун дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ афзоиш ёфта истодааст. Аммо љоизи қайд аст, ки баҳри пурра мубориза бар зидди ҳизбҳои террористӣ ва экстремистӣ яку якбора аз тарафи давлатҳои мутамаддин ғолиб омадан имкон надорад ва мубориза бо он солҳои тўлонӣ, душвор, бо усулҳои чӣ анъанавӣ ва чӣ ғайрианъанавӣ сурат мегиранд.

Илова бар он, дар Љумҳурии Тољикистон амалҳои Ҳизби назҳати исломӣ-ҲНИ ва вазъи бўҳрони молиявию иқтисодӣ ба мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, ки муаммоҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмиллалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм мусоидат мекунанд. Аз ин рў, муаммоҳои дар боло оварда низ ба вазъи марбут, яъне ба аъмоли террористӣ ва экстремистӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад, зеро сол то сол дар гўшаҳои канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳо ва ҳизбҳои террористӣ ва экстремистӣ, ниҳодҳои зиёди маблағгузории онҳо ба мушоҳида мерасанд.

Алҳол, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ғояҳо ва идеологияҳои террористӣ ва экстремистӣ дар ҳамкории ТТЭ ҲНИ бо созмонҳои террористии Шарқи қадим ҳамчун ҳодисаҳои сиёсӣ дар ду маврид ба миён меоянд. Яке, дар ҷомеа вуљуд доштани беадолатӣ нисбат ба аҳолӣ, дигаре мубориза баҳри ба даст овардани ҳокимият мебошанд.

Дар ин самт, ҳангоми ноил гаштан ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солими ҳамзиштӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбари кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон баръало бояд љорӣ намуд. Талошҳои ҷавонони имрӯза ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумўи љаҳон бовар ба он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз дастгоҳи идоракунии давлатӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар менамоянд. Инчунин, мубориза бар муқобили экстремизм ва терроризм яке аз масъалаҳои ҳалталаби љаҳони муосир боқӣ монда, аз ҳар як шаҳрванд зиракии сиёсӣ, ватандустӣ ва ҳисси бузурги худшиносиро тақозо менамояд.

Муаллимаи калони кафедраи

молия ва қарзи ДИС ДДТТ,

                                                       н.и.и., Раҳматова З.И.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *