Ҳизби наҳзат ҳизби террористӣ эътироф шуд

“Ин тақаллуби фаъолияти афроди фиребгар аст. Худо исломро паёми сулҳ кард. Ин афроди ҷоҳил исломро ба силоҳи ҷанг табдил доданд. Худо Исломро ба дини гуногунандешӣ табдил дод. Нафароне, ки ба зуҳури дигар бовар надоранд, динро ба ҳадде дигар карданд, ки гӯё ислом зидди нафароне бошад, ки пайравони дигар мазҳабҳоянд”, – мегӯяд вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон. . Давоми суҳбати беш аз даҳ дақиқаии худ вазири Ҳиндустон чанд маротиба аз матни расмии суханронӣ канор рафта, ба пайомадҳои хатарбори фаъолияти ҲНИ, таъсири он ба кишварҳои дигари минтақа, ҳамкории зичи ин ҳизби мамнӯъ бо дигар гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории он ишора кард.
Ба гуфтаи вазири Ҳинд, ин ташкилоти террористӣ дар гумроҳсозии садҳо ҷавон, роҳандозии хунрезӣ ва сафарбаркунии ҷавонон ба амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои Ховари миёна нақши фаъол дошта, тасмими Тоҷикистон ҷиҳати манъи фаъолият ва эълони ташкилоти террорист-экстремистӣ саривақтӣ буд.
Дар замони муосир хеле аламовар аст, ки таркишҳоимудҳишитеррористӣватирпаррониҳоишадидамалҳои ваҳшиёнаи гурўҳҳои зиддиинсонӣ, ки бо номи давлати исломӣ баромад мекунанд. Онҳо ба номи Ислом танҳо иснод оварда метавонанду дар асл қодир нестанд, ки сохти давлат ва ҷомеаро дигаргун кунанд. Мардуми ҷаҳон аз давраҳои қадим то ба имрўз танҳо барои тинҷию зиндагии хушбахтона мубориза мебаранд. Ба инсони оқил зарурати пурсиши зиёде нест, ки ин ё он фарди ҷомеа дар кадом дин, миллат ва мазҳаб аст. Инсон дар кадом дин, миллат ё нажоде бошад, якдигарро бояд эҳтиром кунад. Ҳар дине, ки дар ҷаҳон пайдо шудааст, мардумро ба тинҷию осоиштагӣ тарғибу ташвиқ мекунад, то якдигарро дўст доранд, ба ҳамдигар хиёнат накунанд.
Аммо мутаассифона, дини ин гурўҳҳои бо ном исломӣ чӣ хел дине аст, ки тамоми ҷаҳонро ба ларзиш ва даҳшат оварда истодааст? Дар ҳадисҳои мубораки Паёмбарамон оварда шудааст, ки «Мусалмон он шахсест, ки аз дасту забонаш ва аз амалаш касе озор набинад». Пас, ин шахсон кӣ ҳастанд, ки муҷиби шиканҷаву озори дигарон мегаштаанд? Кӣ ба онҳо чунин қудрату мақом додааст?
Дар ягон шариати динӣ ва қонуни зиндагӣ ва Сарқонуни тамоми ҷаҳон гуфта нашудааст, ки нафаре инсони дигарро аз зиндагӣ маҳрум созад.
Аммо амалҳои ин гурўҳҳои бо ном «исломӣ» боиси марги ҳазорҳо нафар ва сабаби рехтани ашки модарон шуда истодаанд. Барои ба камол расонидани кўдакон як идда гурўҳҳои манфиатхоҳ ба аҳли башар халал ворид месозанд. Фарзандон чӣ гуноҳ доранд, ки онҳоро ба гаравгонӣ мегиранду мекушанд? Шахсоне, ки ба чунин амалҳои зишт даст мезананд, модар, фарзанд, бародар ва хоҳар надоранд?
Имрўз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Иқдомоти террористони наҳзатӣ тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурўғ ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.
Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардум, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон бояд ҳаммаром бошем!
Маҳз, бо ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон иддае аз фарзандони гумроҳ бо супориш ва дастгирии хоҷагони хориҷии хеш кӯшиш намуданд, ки кишварро ба қисматҳо ҷудо сохта, мардумро сарсону парешон ва мамлакатро аз байн бибаранд. Нияту ҳадафҳои ин бадтинатон аз байн бурдани кишвари тозаистиқлол ва бо шеваи хоҷагони худ бунёд намудани кишвари исломӣ буд. Ҳамагон хуб огаҳӣ дорем, ки амалҳои пасипардагӣ ва хиёнаткориҳои бархе аз ҳамватанонамонро дар амри барангехтани кинаву адоват ва ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани кишвари тозаистиқлол хурду бузург эҳсос намуд ва бо чашми сар дид. Баръало маълум буд, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом асосан ҳар кору амалашро бо омезиш ба номи дини поку мубини Ислом амалӣ намуда, рӯирост мардумро ба гумроҳӣ даъват мекард.
Ҳамин тариқ, дар замони соҳибистиқлолии кишвар, ки чандин маротиба роҳбари ин ташкилот Муҳиддин Кабирӣ боз ҳам дидаю дониста ин кирдори ҷинояткоронаи хешро идома бахшид.
Яъне Кабирӣ, ки нуфузаш байни аъзову пайравони ҳизбаш паст гардида буд ва қудрати ҷуброни он маблағҳову ваъдаҳояшро надошт, барқасдона амалҳои разилонаашро идома дода, ба ин васила бори дигар наҳзатиёни гумроҳро фиреб кард. Ҳоло ҳам зери қаноти хоҷагонаш ҷайби наҳзатиёнро бо ваъдаҳои пуч пур карда, хонаи онҳоро оташ мезанад, аммо ин бероҳагон бехабаранд.
Қабл аз ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шудани ҳизби наҳзат коршиносону таҳлилгарон, донишмандону олимон, адибону равшанфикрон, фаъолону шаҳрвандони оддӣ бо дарки масъулияти ватандорӣ оид ба амалҳои ғайриинсониву разилонаи он ва аъзоёнаш ҳарф зада, ба Кабириву наҳзатиён ҳушдор доданд, ки чунин амалҳояшонро хотима бахшанд.
Мардуми тоҷик, бахусус, ҷавонони мо дарк намоянд, ки сулҳу субот дар Тоҷикистон бо машаққатҳои зиёде ба даст омадааст ва бояд ин неъмати бузургро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ кӯшишҳои ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ гумроҳ намудани ҷавонон ва истифодаи нерӯи ҷисмонии онҳо ба татбиқи ҳадафҳои бадхоҳонаи худ маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ, мардуми диёр, бахусус ҷавонон бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамнамудаи давлату ҳукумати кишвар бояд илму дониш ва касбу ҳунарро аз бар намуда, баҳри аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳифзу ҳимояи марзу буми хеш аз нерӯҳои бадхоҳ ҷаҳду талош намоянд.
Ҳамешамардумимеҳнатқариниморисолатисозандагивубунёдкориропешакарда, бароисаҳмгузорӣдаршукуфоиикишварзаҳматмекашад,зеромубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Ғафурова Ф.К.
устоди кафедраи назарияи

 иқтисоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *