Изҳороти устодони кафедраи назарияи иrтисод дар мавриди суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар дар Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

Мо бо матни пурраи суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбар дар Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) пурра шинос гардида чунин изҳори аrида менамоем, ки мо сиёсати пешгирифтаи сарвари худ,  Президенти маҳбуб, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, қудрати қувваҳои амниятии ӯ ва рӯҳияи мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии ҳодисаҳои хатарнок, ки ба фоҷиаи идоранашаванда мубаддал шуданаш мумкин аст, пурра жонибдорb менамоем.
Дар сиёсати хориҷии ҳар як давлат масъалаи муносибати байнидавлатӣ аҳамияти хеле калон дорад. Зеро, аз сиёсати хориҷӣ   сиёсати дохилӣ ва амнияти давлату миллат пайванди ногусастанӣ дорад. 
Дар моддаи 11 Конститутсия чунин қайд шудааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд». Аз рўи ин моддаи Конститутсияи худ Тоҷикистон амал намуда, қариб бо тамоми давлатҳои ҷаҳон, хоссатан давлатҳои ҳаммарзу ҳамсоя муносибати дўстонаро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, имрӯз давлати мо бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамсарҳад аз қабили Ӯзбекистон, Қирғзистон, Чин ва Афғонистон робитаҳои неку густурдаро ҷорӣ намудааст.
Боварӣ дорем, ки ҳуввияти миллии ҷавонони мо баланд аст ва барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистон мубориза мебаранд. Аз ҳамаи шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки барои ободию сарсабзии Ватани азизамон саъю талош намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *