Ҳизбе, ки ормонҳои миллиро зери по кард!

 

Дар замони мо,  ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фунда ментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст?  Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш  ифротгароӣ,  тундравӣ, фикру андешаҳо ва  амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза  гузаштан аст.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим — ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Бо рахбари Муҳиддин Кабирӣ Ҳизбу ҳаракатхои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар чомеа мехисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлхо бахои дурусти худро медиханд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки факатдавлати дунявию демократӣ метавонад динро тарикки дода роххои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари хамаи ин аккалиятхое низ вучуд доранд ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазхаб медонанд ки ин акида махз хатоӣба шумор меравад. Ин маънои онро дорад ки то ханӯз доир ба фахмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемахо чой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти Хизби нахзати Ислом харакати мардумии “Растохезки баъди интишори конун “ Дар бораи иттиходияхои чамъиятӣ дар ЧШС Точокистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Чумхурии Точикистон кабул шудааст ташкил ефтан гирифтанд. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа акидахои нодурусти динӣ чой доранд ки ба гурӯххои Мухиддин Кабири ифротгароӣ шомил мегардонад ва акидахои носолими динии худро мехоханд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. мехостки чахон мувофики хости он шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди чомеа дар дар гузашта дузду чинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Кисми зиеди чунин шахрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустакилонаи худ махрум шудаанд. Гурӯххои Мухиддин Кабирии бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба накшахои худ аз дин мохирона истифода мебаранд ба монанди рохбари Хизби нахзати ИсломМухиддин Кабири ки натичаи он дар давлатхои чанг рафтаистодаи Сурияи Араб Ирок шахрвандон бевосита иштирок менамоянд халок шудаанд.

Ин гурӯх Мухиддин Кабири нотавонбини аз оламу одам норозӣ хамавакт будан мемонанд ва ғаразхои нопоки онхоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Хамаи намудхои фаъолияти Хизби нахзатро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо карори Суди Конститутсионии Чумхурии Точикистон фаъолияти ин хизб дар худуди чумхурӣ катъ гардонида шуд.

Рахматова С.А. н.и.ф., дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *