Изҳороти устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ оид ба суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромадҳои хеш ва инчунин дар ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Аз ин лиҳоз, бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст.
Пешвои миллат дуруст дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо кард. Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд.
Бале, мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки аз оғози музокирот барои сулҳу оромии мамлакат наҳзатиёни террористу бадхоҳ ҳеҷ гоҳ имзои ин санади муҳимро намехостанд, ҳарчанд, ки ба ИНОТ шомил буданду онҷо намоянда доштанд.
Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба масоили матраҳшуда кайҳо хулосаи зарурӣ бароварда имрӯз ба ТЭТ ҲНИ эътимод надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гардида, мучиби харбии иктисодии чумхури шуд, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур ба амал омада буд. Аз ин ру, мардум хузури сиёсии ҲНИ-ро дар арсаи давлатдори хамчун омили нооромии кишвар тасаввур мекунанд. Воқеан мардуми шарифи Тоҷикистон; кормандони муассисаҳои таълимӣ ба номуси ин мулки аз ниёгон мерос монда; ҳушёр ҳастанд дар ҳар куҷо, ки набошанд дар фикри ободи ва оромии Ватан ҳастанд. Миллати тоҷҷик ҳамдигарфаҳм ва муттаҳид аст. Истиклолияти давлатии Точикистон мухимтарин дастоварди миллати мо дар тулли хазор соли охир аст, ки хифзу гиромидшти он карзи шахрвандии мост. Аз ин ру, вазъи мураккаби сиёсии чахони муосир аз мо беш аз харвакта хушёрии сиёсиро тақозо менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *