Изҳороти устодони ДИС ДДТТ оид ба ҳизби террористиву экстремистии наҳзат

Дар ҷаҳони пуртазоди муосир Ваҳдати миллӣ ягона воситаи дар таърих санҷидашудаи муросову оштии миллатҳо мансуб гардида, намунаи олӣ ва барҷастаи он Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба даст омадани Сулҳ ва Ваҳдати миллии тоҷикон баъд аз ҳазор соли бедавлативу бенавоӣ, расидан ба Истиқлолияти комили давлатӣ, рушду нумўи иқтисодиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама пойдории сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон, ҳама далели хирадмандии миллати мо, алалхусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. “Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад”-таъкид намудаанд Пешвои муаззами миллат.
Мардуми шарифи Тоҷикистон 21-солагии Ваҳдати миллиро дар шаҳри Конибодом бо як ҷаҳон шодиву нишот ва ифтихор истиқболу таҷлил намуданд. Шаҳомати ин ҷашни бузурги миллӣ дар чашму рӯи сокинони ҳамаи манотиқи мамлакат дида мешуд. Охир, чи гунна хурсандӣ накунанд, ки бо талошу ибтикор, саъйю кӯшиш ва ҷонфидоиҳои марде шарифу муборакқадам – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон накбати ҷанг ба накҳати сулҳ ва хатари заволи кишвар ба рушди устувори давлат табдил ёфт. Насли болиғи солҳои навадуми асри гузашта ҳамаи он бесарусомониҳоро хуб дар ёд доранд.
Ҳамчунин, таърих фаромӯш накардааст, ки терористони хунхори наҳзат сари миллату давлат чи балоҳоро оварданду билохира Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор карданд. Нуктаи дигаре, ки воқеияти таърихӣ дорад ва дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом аз забони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, ин аст, ки ҲНИ ҳеҷ гоҳ сулҳу оромии мардуми моро намехост.
Пешвои миллат дуруст таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик имзо кард. Мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд.
Бале, мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки аз оғози музокирот барои сулҳу оромии мамлакат наҳзатиёни террористу бадхоҳ ҳеҷ гоҳ имзои ин санади муҳимро намехостанд, ҳарчанд, ки ба ИНОТ шомил буданду онҷо намоянда доштанд.
Бале, сулҳу ваҳдат ва амнияти миллии кишварро мо бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба дасисаву андешаҳои ифротгароён дода нашуда, ҳама якдилу якҷон барои ободии ватан заҳмат кашем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *