Изҳороти устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ оид ба мусоҳибаи Аркадий Дубнов: Таъсиси Паймони Миллӣ гоми хубе барои ташкили як созмони мӯътабар аст

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ як мусоҳибаи кутоҳи Аркадий Дубнов бо номи “Таъсиси Паймони Миллӣ гоми хубе барои ташкили як созмони мӯътабар аст” ба нашр расид, ки мехоҳем андешаҳоямонро перомуни он баён намоем. Дар ин мусоҳиба коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Аркадий Дубнов таъсисёбии “Паймони миллӣ”-ро барои имрӯзи кишвар зарур дониста, таъкид менамояд, ки чунин як созмон барои ба ҳам омадани тоҷикон ва расидан ба созиши сулҳ мусоидат хоҳад кард. Дар идомаи матлаб ӯ дар бораи ҳимояти ин созмон аз М. Кабирӣ ва пешниҳоди гуфтушуниди Ҳукумат ва мухолифин фикру мулоҳизаҳояшро баён доштааст.

Мо, устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ташкилоти наве аз ҷониби Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва ТТЭ ҲНИ бо номи “Паймони миллӣ” дар шаҳри Варшава, пойтахти Полша, ки бо ташаббуси як гурўҳ хоинон ва душманони миллат таъсис ёфтааст, қатъиян маҳкум менамоем. Ташкилот ва ниҳодҳое, ки то дирўз бо кўмак ва пуштибонии хоҷагони хориҷии хеш ва бо роҳнамоии ТТЭ ҲНИ хиёнат ба миллату Ватан намуда буданд, пайваста дар ҳаққи Тоҷикистону озоду соҳибистиқлол бадгўиҳо менамоянд, нафароне, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш дигарбора ба даст силоҳ гирифтаву хостори ноором кардани фазои осудаи Тоҷикистони азизи мо гаштанд, бо кадом асос ва бо кадом ҳуқуқ имрўз номи миллат ва Тоҷикистонро ба чунин як ташкилоти душманони миллат ҳамроҳ намудаву номи кишвару миллатро доғдор месозанд.

Онҳо ҳуқуқи маънавии аз номи миллат ва Тоҷикистон сухан гуфтанро надоранд ва бояд, ки аз номи ин ташкилот номи миллат ва давлати Тоҷикистон бардошта шавад. Аслан, ин созмон ҳаргиз ташкилоте нав ё паймоне дигар наметавонад бошад, чун он ҳар чаҳор созмони гўё ба ҳам омада, ҳамон гурўҳҳое ҳастанд, ки ба як хоҷа хидмат намуда, ҳадафашон ноором сохтани Тоҷикистони азизи мо аст.

Дар поёни матлаби хеш Аркадий Дубнов таъкид менамояд, ки солҳои минбаъда Тоҷикистонро ояндаи вазнине дар пеш аст. Аммо мо ба ин афкору андешаҳои иғвогаронаи онҳо боварӣ надорем. Тоҷикистони азизи мо бо вуҷуди мушкилоти зиёд ва буҳронҳои молиявию иқтисодӣ солҳои охир, хушбахтона, дар ҳама самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гашта истодааст.

Мо бояд дар шароити кунунӣ зиракию сиёсиро аз даст надода, пайваста дар фикри ободии сарзамини азизи хеш бошанд, зеро Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рўи замин, ононе, ки соҳибватананд, азизу муқаддас аст. Мо, ҳамагон бояд шукргузорӣ аз ҳастии чунин Ватани азизу муқаддас кунем ва ҳаргиз ба душманони миллат иҷозат надиҳем, ки ин Ватан – ин пораи хоки муқаддасро бадном кунанд ё дар андешаи парокандагии он бошанд. Албатта, ҳаргиз ин хоинону душманони миллат ба ҳадафи хеш намерасанд ва ин сарзамини поку муқаддас, ин Ватани азиз ҷовидон пойдор хоҳад монд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *