Мо шаҳрвандони шарафманду озоди Тоҷикистони азизамон ифтихор дорем, ки ҳукумати кишвари маҳбубамон таҳти роҳбарии сарвари хирадмандамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як гушаю канори мамлакатамонро ободу зеботар мегардонад.
Сафари навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт, боиси хурсандиву ифтихормандии аҳолии Бадахшон ва кулли кишвари маҳбубамон гардид. Зеро қадами мубораки Пешвои Миллат ба ҳар макони Бадахшон расид, он ҷо даркушоӣ кард, обод кард. Мо шоҳиди он гардидем, ки инфрасохтори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар замони истиқлолият, ба вижа солҳои охир хеле рушд кардааст.
Мутассифона, чанд муддатест, ки дар атрофи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтугузор ва баррасиҳои мухталифе дар васоити ахбор ва миёни мардум баргузор шуда истодааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан дар сомонаҳои гурӯҳҳое, ки сиёсати имрӯзаи давлатдории моро намепазиранд ва назари мухолифатомез доранд, воқеаҳои Бадахшонро тавре обуранг медиҳанд, ки гӯё тамоми Тоҷикистон бар зидди ин минтақа мебаромада бошад. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар Аврупо қарор доранд ва дар нишасти солонаи САҲА оид ба ченакҳои инсонӣ иштирок намудаанд, иғвогарӣ намуда, мехоҳанд масъалаи Бадахшонро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода баранд.
Пешвои миллат зимни сафари кории хеш ба ВМКБ чандин иншоотҳои навсохтро ифтитоҳ намуда, бо мардуми навоҳии гуногуни Бадахшон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Фаъолияти яке аз бузургтарин донишгоҳҳои минтақа – Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғро худи Президенти мамлакат ифтитоҳ намуд. Новобаста ба номусоидии обу ҳаво ба дурдасттарин ноҳияи кишвар – Мурғоб сафар намуда, аз ҳоли мардуми он ҷо хабардор шуданд. Бо мардуми Мурғоб суҳбати доманадоре барпо намуданд. Ин кор як таҷрибаи доимии Сарвари давлати тоҷикон аст, ки мунтазам идома дода мешавад ва ҷузъи сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.
Дар шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қатъиян талаб карданд, ки ба ҷинояткорӣ ва хусусан паҳн гардидани маводи мухаддир дар вилоят хотима дода шавад. Ҳама гурӯҳҳои расмию ғайрирасмӣ бояд ба қонун итоат кунанд, ба ягон нафар имтиёз дода нашавад, зеро ҳама дар назди қонун баробар мебошанд. Барои ислоҳи вазъият дар Бадахшон, решакан намудани ҷинояткорӣ ва ба тартиб даровардани вазъи ҳуқуқӣ ба масъулини соҳа як моҳ муҳлат дода шуд.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо ВМКБ як ҷузъи таркибии Тоҷикистон аст ва имтиёзе ба ҷуз мухторияти идоракунӣ надорад. Баъдан кадом давлат ба худ иҷозат медиҳад, ки дар як гӯшаи он ҷиноятҳои баде чун фурӯши озоди маводи мухаддир идома ёбаду мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он коре карда натавонанд?
Аз ин рӯ, мардуми Бадахшон бояд худашон вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳо гӯш надиҳанд. Агар вазъи ҷинояткорӣ ҳарчи зудтар ислоҳ шавад, ба манфиати мардуми минтақа ва умуман Тоҷикистон хоҳад буд.
Абдулмаҷиди Бобоҷониён,
Ҳомидова Дилафрӯз,
Раҷабов Нуъмон,
кормандони шуъбаи табъу нашри ДИС ДДТТ