Изҳороти устодони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба ҳаводиси дидбонгоҳи марзии “Ишқобод”

Ҳодисаи субҳи 6-уми ноябри соли равон, ки дар дидбонгоҳиИшқобод“-и отряди сарҳадииСултонободрух дод, нишон медиҳад, ки ҳанӯз душманону хоинони миллат тоҷик, ба ҳар восита мехоҳанд, фазои орому осудаи Ватанро халалдор ва қалби миллатро ғамгин созанд. Аммо, ҷасорату матонат ва диловарии фарзандони содиқи ин Ватан ҳамеша сипари бузург дар муқобили душманон гардид, ки тири онҳо хок хӯрд. Ду нафар фарзандони ин сарзамин барои Ватан ҷони худро нисор намуданд, ки шараф ба падару модари онҳо. Мо ҳамеша барои ҳифзи ин сарзамин омодаем. Ба қавли шоир: Барои Ватан ҷон фидо мекунем, Ватан ҳар чӣ гӯяд адо мекунем.

Хабари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи 20-нафараи шахсони номаълуми ниқобдор ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод», ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, моро хеле ба изтироб овард.
Тибқи иттилои манбаъ, ин ҳуҷуми гурӯҳи мусаллаҳ соати 3:23 дақиқаи шаби 6 ноябр рух додааст. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд.

Дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як санаи муҳиму муборак барои мардуми кишвар асту рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст, гурғҳҳои ҷинояткор бо ҳадафи ғофилгир намудани ниҳодҳои қудратии мамлакат, халалдор намудани ҳаёти осоиштаи сокинони Тоҷикистон, заиф гардонидани пояҳои давлатдорӣ мехостанд, амали тахрибкоронаю разилонаеро тарҳрезӣ намудаанд. Вале боиси ифтихор аст, ки кормандони мақомоти қудратӣ бо мақсади таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа ва ҳимояи ҳаёти осудаи сокинони мамлакат далерию шуҷоатмандӣ нишон дода, бо қувваҳои ҷинояткор дар набард шуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда, 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Мутаассифона, дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳалок шуданд.

Ватан ин ҷоннисорию ҷавонмардии ҳомиёни сарсупурдаи худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Хотираи неки ин ҳомиёни Ватан гиромӣ бод!

Мо хуб дар ёд дорем, ки солҳои 1991-1992 кишвари моро буҳрони конститутсионӣ фаро гирифта буд ва ин вазъ боиси риоя нашудани талаботҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ фалаҷшавии рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардид. Ин ҳолат ба он оварда расонид, ки бесарусомониҳо ва муқовимати шаҳрвандӣ ба вуқўъ пайваст ва ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ омада расид.
Хушбахтона, қувваҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кўтоҳ бар зидди талошҳои гурўҳҳои бегонапараст, неруҳои дохилии тундрав ва доираҳои муайяни манфиатдори хориҷӣ, зери шиори ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.

Ҳар яки моро зарур аст, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият кунем, ҳуқуқҳои худро донем ва нагузорем, ки касе онҳоро сарфи назар намояд, чунки донистани қонун ва зистан дар доираи қонун, дар ҷамъият ниҳоят муҳим мебошад.
Аз ин рӯ, вазифаи мақомотҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳамаи аъзоёни солимфикри ҷомеаи шаҳрвандии вилоятамон аз он иборат аст, ки дар густариши маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, хулоса таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳамаи мулоқоту суханрониҳои худ таъкид мекунанд, ки мардуми Тоҷикистон, бахусус, ҷавонон бояд ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳимояи марзу бум, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар ҳамеша омода бошанд.

Бо ҳамин роҳ мо дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз карда, комёбиҳои худро дар бунёди ҷомеаи демократӣ минбаъд таҳким бахшида, роҳи худро ба сўйи ҷомеаи мутамаддин идома дода метавонем.

Мо устодони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ боварӣ дорем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар зудтарин фурсат омилҳои ин ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи номаълум ба дидбонгоҳи сарҳадиро муайян намуда, афроди дастандаркорро ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *