ШАБЕХУН

Ин шабехуне заданд ифротиён
Дидгоҳи марказиро, нест он
Саҳлу содда, ҳаст фарҷомаш гарон,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Ғафлати моро шабехун аст он,
Давлати моро шабехун аст он,
Ваҳдати моро шабехун аст он,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Бист кас карда убури марз агар,
З – он сӯи дарё ҳазорони дигар
Машқдида, саф кашида бешумар,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Бадтар он бошад, ки нерӯи сиёҳ
Зидди давлатдории моянд, оҳ!
Бонуфузонананд онҳоро паноҳ,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Ин гурӯҳакҳо шуда мағлуби мо,
Сад бало доранд аммо аз қафо,
Пуштибонҳошон ҳама пурмуттако,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

То шавад террор як қисми ҷаҳон,
Ҳаст ин барномаи беҳад калон,
Во чу аждарҳо бикардандӣ даҳон,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Ин гурӯҳак гашт гарчи торумор,
Ин паёме ҳаст ҷиддӣ, ошкор,
Баъд аз ин бошем бояд ҳушёр,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Зиндагонӣ худ ҳаёт асту мамот,
Бас муқаддас ҳасту
ҳам ширин ҳаёт,
Шаҳрванди Тоҷикистон, эҳтиёт!
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Ту, падар, модар,
ҳама андар хатар,
Хонаву оилаву зан дар хатар,
Шаҳру деҳа, хоки меҳан дар хатар,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Миллату давлат,
забонат дар хатар,
Ганҷи озодӣ,
равонат дар хатар,
Ҳам замин,
ҳам осмонат дар хатар,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Илму фарҳангу
тамаддун дар хатар,
Файзи Истиқлол
афзун дар хатар,
Аз разолатҳои
берун дар хатар,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Мезанандӣ гоҳ каждумвор неш,
Гоҳ мечаспанд бар ойину кеш,
Даҳшату ваҳшат фарогир аст беш,
Рост мегӯяд азизон, Раҳнамо!

Нестанд ором бадхоҳони мо,
Ҳар замон доранд қасди ҷони мо,
Захмзан бар олами армони мо,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Гоҳ дар Ғарбанд монанди шағол,
Гоҳ дар Шарқанд аз баҳри завол,
Фитнаафшон дар
ҷанубу дар шимол,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Соати эҳсос хушмасраф шавем,
Андар ин ҷода
ҳама ҳамсаф шавем,
Баҳри ҳифзи мулк
ҷонбаркаф шавем,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Ҳифзи кишвар
ҳам ниёзи давлат аст,
Ҳам ниёзи
фард – фарди миллат аст,
Андар ин маънӣ
ҳазорон ҳикмат аст,
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Пас ҳама бошем зери як шиор:
Муттаҳид бошему бо ҳам устувор!
Муттаҳид бошему бо ҳам пойдор!
Рост мегӯяд, азизон, Раҳнамо!

Хайрандеш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *