АЙБҶEИИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Пўшида нест, ки имрўз дар таркиби ташкилотҳои байналмилалии террористӣ интернет – хадамоти комили касбӣ фаъолона кор мекунад ва ҳудуду имкониятҳои он хеле вусъат ёфтааст. Бо кўмаки интернет имрўз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурўҳҳои гуногуни террористӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешавад. Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣ шакли худро тағйир медиҳанд, кўшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Ин ҳолатро душманони миллат, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва аъзои фаъоли Гурўҳи 24 Беҳрўзи Тағойзода ба манфиати худ истифода бурда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаҳои “Паймони миллӣ, “Пайванд”, “Садои мардум” бо суханҳои бесос нисбати ҷумҳурии азизамон бо навбат айбҷўӣ намуда, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Онҳо ба ин васила андешаи манфури худро баён мекунанд, хоин ва зархаридони хориҷӣ мебошанд. Аз ин рў, ба душманони миллат аз забони Мавлоно гуфтанием:

       Гар надорӣ дониши таркиби ранг,

       Байни гулҳо зишт ё зебо макун.

      Хуб дидан шарти инсон будан аст,

      Айбро дар ину он пайдо макун.

Дар интиҳои мақолаи хеш мо амалҳои Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро қатъиян маҳкум намуда, бори дигар таъкид мекунем, ки нияту мақсадҳои ғаразноки душманони миллат ҳаргиз ҷомаи амал нахоҳанд пӯшид.

М.АХМЕДОВ,
сармуаллими кафедраи математекаи
олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *